Recent posts
Page 14 of 40 · 473 posts
Posted Nov 3
Вохӯрии масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Сибир бо донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи давлатии аграрии Новосибирск Масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Сибир бо донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи давлатии аграрии Новосибирск таҳсил менамоянд, вохӯрӣ баргузор намуд. Дар рафти вохӯрӣ масъули Намояндагӣ аз аҳвол, шароити зист, ҳолати саломатӣ ва раванди таҳсили донишҷӯён пурсон гардид. Сипас, ба донишҷӯён маълумоти муфассал оид ба тағйиру иловаҳои охирин дар қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷират ва таҳсил пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон, оид ба қоидаҳои будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ, масъалаҳои бақайдгирӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ, инчунин масъалаҳои амниятӣ ва иҷтимоӣ тавзеҳ дода шуд. Дар ҷараёни сӯҳбат ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид: • гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва идеологӣ миёни донишҷӯён; • огоҳсозӣ аз қаллобон ва миёнаравҳои ғайриқонунӣ; • пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ; • баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва риояи қонунгузории кишвар иқомат. Дар анҷоми вохӯрӣ масъули Намояндагӣ ба донишҷӯён рақамҳои тамоси кории Намояндагиро барои дарёфти машварат ва кӯмаки ҳуқуқӣ, инчунин барои муроҷиат дар ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқ ё қонуншиканӣ нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Ҳамзамон ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо, шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48. 7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99 8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48 Почтаи электронии Намояндагӣ: [email protected]
Posted Nov 1
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Нижний Новгород, инчунин вохӯрии муҳиме бо роҳбарияти ширкати “СПЕКТР-НН” дар шаҳри Дзержинск баргузор гардид. Ин ширкат дар соҳаи истеҳсоли дастпӯшакҳои санитарӣ ва тиббӣ фаъолият дошта, яке аз корфармоёни калон дар минтақа ба ҳисоб меравад. Дар вохӯрӣ роҳбарияти ширкат фаъолияти ҷорӣ, талаботи истеҳсолот ва эҳтиёҷ ба қувваи кориро муаррифӣ намуд. Таъкид гардид, ки шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаи мазкур ба таври расмӣ фаъолият доранд ва аз шароити меҳнат, амнияти корӣ ва музди меҳнат изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбомӯзии муҳоҷирон, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва ҷалби иловагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсолот-ро баррасӣ карданд. Роҳбарияти “СПЕКТР-НН” изҳори миннатдорӣ намуданд, ки Намояндагии Вазорат таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои муҳоҷирони тоҷик зоҳир менамояд ва омодагии худро барои ҳамкории минбаъда дар самти ҷалби қувваи кории тоҷик баён карданд.
Posted Nov 1
Ҳамватанони азиз! Намояндагӣ ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Ҷамъияти саҳҳомии «Аякс Инжиниринг» ба сохтмони иншооти маҷмааи газу химиявии Амур (МГХК) — Маҷмааи маъмурию истиқоматӣ/иҷтимоию маишии Шимолӣ (8315), ки дар суроғаи: вилояти Амур, ноҳияи Благовещенск, шаҳри Свободний ҷойгир аст, оғоз намудааст. Лоиҳа ба манфиати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «Маҷмааи газу химиявии Амур» (ҶДММ «Амурский ГХК»), ки ба гурӯҳи ширкатҳои СИБУР шомил аст, амалӣ мегардад. Амалисозии лоиҳа ба 2 марҳила тақсим карда шудааст, муҳлати умумии иҷрои корҳо аз 21.07.2025 то 31.12.2026 мебошад. Бо мақсади амалисозии ин лоиҳа, ҶС «Аякс Инжиниринг» ба ҷалби кормандон ниёз дорад ва дар ҷустуҷӯи мутахассисони зерин мебошад: 1. Монолитчиён, маош аз 160000 рубл 2. Изолятсиягузарон, маош аз 150000 рубл 3. Хиштчинҳо, маош аз 160000 рубл 4. Андовачӣ ва рангзан, маош аз 150000 рубл 5. Коргарони умумӣ (ёрдамчиён), маош аз 130000 рубл Пардохти музди меҳнати кормандон ду маротиба дар як моҳ ба корти бонкӣ, ки дар доираи лоиҳаи маошӣ барои кормандон кушода мешавад, ба таври пурра анҷом дода мешавад. Ширкат иҷрои пурраи талаботи қонунгузории муҳоҷират ва меҳнати Федератсияи Россия, инчунин пардохти саривақтии музди меҳнат, фароҳам овардани шароити зист ва таъмини ғизои кормандонро кафолат медиҳад. Тамос барои иртибот: Намояндаи ширкат - Иван: +7 (915) 379-32-62 Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02 , +7 (988) 676-00-00 , +7 (966) 031-22-22 , +7 (936) 174-19-92 , +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 ; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53 ; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69 ; 4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11 ; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48 . 7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99 8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48 Почтаи электронии Намояндагӣ: [email protected]
Posted Oct 31
Масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Сибир, дар шаҳри Ангарски вилояти Иркутск бо гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин шаҳр дар соҳаи сохтмон фаъолият доранд, вохӯрӣ баргузор намуд. Ҳадафи вохӯрӣ - шиносоӣ бо шароити кории ҳамватанон, шунидани фикру ақида, расидагӣ ба эҳтиёҷоти онҳо, инчунин пешниҳоди маслиҳат вобаста ба риояи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Русия аст. Дар рафти мулоқот бо муҳоҷирон суҳбати озоду самимӣ доир гардида, ба саволҳои онҳо дар бораи масъалаҳои ҳуқуқӣ, қоидаҳои бақайдгирӣ, гирифтани иҷозат барои кор ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти қонунӣ дар кишвари иқомат ҷавобҳои муфассал дода шуд. Ҳамзамон, тавсия дода шуд, ки шаҳрвандон ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ ва зиндагӣ дар қаламрави Русия, қонунҳои амалкунанда, тартиботи ҷамъиятӣ ва талаботи мақомоти дахлдорро қатъиян риоя намоянд. Бо назардошти таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва хатарҳои афзояндаи идеологӣ, таъкид карда шуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистӣ, террористӣ худдорӣ кунанд. Зикр гардид, ки чунин амалҳо на танҳо амнияти шахсӣ ва оилавии онҳоро зери хатар мегузоранд, балки обрӯи тамоми шаҳрвандони тоҷикро дар хориҷ аз кишвар паст мезананд. Дар ҷараёни вохӯрӣ муҳоҷирон бо эҳсоси самимият андешаву мушоҳидаҳои худро оид ба фаъолияти меҳнатӣ, муносибати корфармоён ва зарурати дастгирии ҳуқуқӣ баён карданд. Аз ҷониби масъули Намояндагӣ таъкид гардид, ки Намояднагӣ ҳамеша омодааст дар доираи ваколатҳои худ ба ҳар як шаҳрванд кӯмаки иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва машваратӣ расонад. Дар анҷоми вохӯрӣ ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва рақамҳои тамоси Намояндагӣ пешниҳод гардиданд, то ин, ки дар ҳолати ба миён омадани мушкилӣ ё саволҳои ҳуқуқӣ, онҳо ба таври мустақим муроҷиат намоянд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстона, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, муҷиби руҳбаландии ҳамватанон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ҳамбастагӣ миёни онҳо гардид.
Posted Oct 30
28 октябри соли ҷорӣ масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федаралии Сибир ҳамроҳ бо роҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Ангарск ба муассисаи давлатии “Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ” дар вилояти Иркутск, воқеъ дар шаҳри Ангарск, ташриф овард. Ҳадафи ин сафар аз наздик шинос шудан бо шароити будубоши шаҳрвандон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамчунин мусоидат ба ҳалли мушкилоти иҷтимоиву ҳуқуқии онҳо ва таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ бо масъулони муассиса аст. Пиромуни сафар масъули Намояндагӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин марказ нигоҳдорӣ мешаванд, суҳбат намуд. Айни ҳол дар марказ 130 нафар шаҳрванди хориҷӣ қарор доранд, ки аз ин шумора 18 нафарашон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Яке аз онҳо баъди адои ҷазо аз муассисаи ислоҳӣ озод шуда, 17 нафари дигар дар давоми ҳафтаи охир бинобар надоштани ҳуҷҷатҳои будубоши қонунӣ, дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои гуногуни вилояти Иркутск боздошт гардидаанд. Бо иқдоми башардӯстонаи соҳибкорони саховатманди шаҳри Ангарск барои ҳамаи шахсони дар муассиса қарордошта ғизои гарм омода гардид. Ин амал ҳамчун намунаи ҳамдардӣ, эҳсонкориву дастгирӣ ва руҳбаландии ҳамватанон дар шароити душвор арзёбӣ гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъули Намояндагӣ бо муҳоҷирон сӯҳбатҳои озоду самимӣ анҷом дода, ба саволҳои онҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, тартиби баргашт ба Ватан ҷавобҳои муфассал дод. Ҳамзамон шароити зист, таъом, хизматрасонӣ ва нигоҳдории шаҳрвандон аз наздик мавриди шиносоӣ ва арзёбӣ қарор гирифт. Масъули Намояндагӣ изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони худ дар хориҷ аз кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Барои ин дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти марбутаи Русия ва бо дастгирии ҷамъиятҳои тоҷикон, пайваста чорабиниҳо ва вохӯриҳои иттилоотиву муфид баргузор мегарданд. Дар анҷоми вохӯрӣ масъулони марказ барои ҳамкорӣ ва дастгирии ҷониби Намояндагӣ изҳори сипос намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд баён карданд.
Posted Oct 29
МУБОДИЛАИ ТАҶРИБА БАҲРИ ПЕШРАФТИ КОР Санаи 27 октябри соли 2025 муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод бо сафари корӣ ба шаҳрҳои Самарқанд ва Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овард. Ҳадафи асосии сафари корӣ аз шиносоӣ бо фаъолияти марказҳои тайёрии пеш аз сафар барои муҳоҷирон, ки бо дастгирии Созмони ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) таъсис ёфтаанд, омӯзиши таҷрибаи онҳо дар самти омодасозии шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва мубодилаи таҷриба ва иттилоот оид ба усулҳои интихобӣ, омӯзиш ва бақайдгирии шаҳрвандоне, ки ният доранд барои кор ба хориҷи кишвар сафар намоянд, иборат мебошад. Дар ҷараёни вохӯриҳо ба муовини вазир маълумоти муфассал дар бораи фаъолияти марказҳо, равандҳои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон, роҳандозии феҳристҳои электронии ягонаи муҳоҷирон ва ташаккули махзани ягонаи маълумот дар бораи шаҳрвандоне, ки марҳилаи омодасозиро гузашта, ният доранд дар хориҷи кишвар фаъолият намоянд, пешниҳод гардид. Масъулони марказҳои тайёрии пеш аз сафар зикр намуданд, ки онҳо фаъолияти мунтазамро дар самти омодасозӣ ва интихоби шаҳрвандон барои муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин навсозии феҳристи умумии муҳоҷирон ба роҳ мондаанд. Ин раванд имкон медиҳад, ки ҳамкорӣ бо корфармоён ва ниҳодҳои дахлдор дар сатҳи баланд ҳамоҳанг гардида, самтҳои стратегии идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ муайян карда шаванд. Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои зеринро баррасӣ намуданд: 1. Такмили механизмҳои тайёрӣ ва интихоби шаҳрвандон барои муҳоҷирати меҳнатӣ; 2. Густариши омӯзиши касбӣ ва забонӣ пеш аз сафар барои кор дар хориҷ; 3. Таъмини ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирон; 4. Таҳкими ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. «Марказҳои тайёрии пеш аз сафар нақши муҳимеро дар беҳтар намудани омодагии муҳоҷирон барои кор дар хориҷи кишвар мебозанд. Мо таҷрибаи ҳамкорони ӯзбеки худро, ки бо дастгирии KOICA чунин муассисаҳоро таъсис додаанд, баланд арзёбӣ мекунем ва омодаем барои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт чораҳои муштарак андешем» - иброз намуд, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод. Дар анҷоми боздид ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои муштарак ва мубодилаи таҷрибаҳо, ки ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди шаклҳои қонунии шуғл ва таҳкими ҳамкориҳои иҷтимоиву иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон равона шудаанд, изҳор намуданд.
Posted Oct 29
ТАШРИФ БА ДАФТАРИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРАТ ДАР ШАҲРИ ТОШКАНД Рӯзи 28 октябри соли 2025 муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дафтари Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ/МОМ) дар шаҳри Тошканд ташриф оварда, дар муаррифии СБМ оид ба масъалаҳои ҳаракати меҳнатӣ, танзими равандҳои муҳоҷират ва рушди малакаҳои касбии муҳоҷирон иштирок намуд. Дар ҷараёни сафари корӣ муовини вазир бо фаъолияти намояндагии СБМ дар Ӯзбекистон, инчунин бо дастовардҳои охирини Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти такмили идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ шинос гардид. Намояндагони ҷониби Ӯзбекистон ва СБМ таъкид намуданд, ки солҳои охир дар кишвар пешрафти назаррас дар самти васеъ намудани шабакаи марказҳои тайёрии пеш аз сафар барои муҳоҷирон, беҳтар намудани ҳамоҳангсозии сохторҳои давлатӣ ва баланд бардоштани шаффофияти равандҳои муҳоҷират ба даст омадааст. Яке аз самтҳои муҳими муаррифӣ механизмҳои рақамии муосири мониторинги муҳоҷират буданд, ки дар Ӯзбекистон ҷорӣ гардидаанд. Қисми калидии ин низом - феҳристи шаҳрвандони ихроҷшудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки ба таври худкор амал мекунад. Ин феҳрист имкон медиҳад, ки шаҳрвандоне, ки дар муҳлати муқаррарии ихроҷ қарор доранд, аз кишвар хориҷ нашаванд, ки ин тадбир ба болоравии масъулият ва риояи қонунҳои муҳоҷират мусоидат менамояд. Ҳамзамон, дар доираи сиёсати миллии муҳоҷират дар Ӯзбекистон механизми бозгардонидани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Ватан ҷорӣ гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди давлатии муҳоҷират маблағгузорӣ мешавад. Ин иқдом ба бозгашти инсондӯстона ва идорашавандаи шаҳрвандоне равона шудааст, ки дар хориҷи кишвар ба вазъиятҳои душвор дучор мегарданд, инчунин ба кумак дар барқарорсозии иҷтимоиву касбӣ пас аз бозгашт эҳтиёҷ доранд.
Posted Oct 29
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ МУҲОҶИРАТИ ДАСТГОҲИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН Рӯзи 28 октябри соли 2025 дар шаҳри Тошканд вохӯрии расмии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод бо роҳбари Агентии муҳоҷирати Дастгоҳи Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мусаев Беҳзод Анварович баргузор гардид. Ҳадафи асосии мулоқот баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба хориҷи кишвар, мубодилаи таҷриба ва таҳияи роҳҳои ҳамкории муштарак ҷиҳати такмили механизмҳои омодасозӣ, мутобиқсозии иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирон буд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба амалияи мавҷудаи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, хусусиятҳои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон ва фиристодани онҳо ба хориҷи кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатиро муфассал баррасӣ намуданд. Роҳбарияти Агентии муҳоҷират иттилоъ дод, ки дар самти интихоб ва фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои кор дар хориҷи кишвар корҳо мунтазам анҷом дода мешаванд. Ин фаъолият дар доираи барномаҳо ва созишномаҳои дуҷониба бо кишварҳои ҳамкор амалӣ мегардад. Ҷониби Ӯзбекистон иброз дошт, ки яке аз унсурҳои асосии сиёсати муассири муҳоҷирати меҳнатӣ тайёр кардани муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз сафар дар ҳудуди кишвар мебошад. Ин раванд чунин самтҳоро дар бар мегирад: - омӯзиши касбӣ ва баланд бардоштани тахассус тибқи ихтисосҳои серталаб; - омӯзиши забони хориҷӣ ва қонунгузории меҳнатии кишвари қабулкунанда; - шиносоӣ бо хусусиятҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои корфармо; - таҳия ва имзои шартномаҳо бо шиносномаҳои мушаххаси корфармоён пеш аз сафар. Масъулони Агентӣ зикр намуданд, ки чунин ҷалби муташакилона ва ҳадафноки шаҳрвандон имконият медиҳад, ки хавфҳои марбут ба кори ғайриқонунӣ коҳиш ёбанд, сатҳи амният ва ҳифзи ҳуқуқи меҳнатӣ боло равад. Дар натиҷа ҳар як муҳоҷир бо тахассуси муайян, ба ширкати мушаххас ва барои муҳлати муайян сафар мекунад, ки ин кафолати фаъолияти самаранок ва қонунии ӯ дар хориҷи кишвар мебошад. Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод изҳор дошт, ки таҷрибаи Ӯзбекистон дар ин самт барои Тоҷикистон мисоли муфид ва амалии ҳамоҳангсозии равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот миёни мақомоти масъули ҳар ду кишвар ба беҳтар шудани идоракунии муҳоҷират ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои васеъ кардани ҳамкории дуҷониба дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ изҳор намуда, пешниҳод карданд, ки дар оянда барномаҳои муштараки омӯзишӣ, таҷрибаомӯзӣ ва мубодилаи таҷрибаҳо роҳандозӣ карда шаванд.
Posted Oct 24
Ҳамдиёрони азиз! Намояндагӣ ба маълумоти Шумо мерасонад, ки бо мақсади осон гардонидани раванди қабули аризаҳо ва муроҷиатҳои шаҳрвандон, почтаи электронии Намояндагӣ ва рақами WhatsApp фаъолияти худро идома доранд ва тавассути онҳо шаҳрвандон метавонанд дар ҳама вақт, шабонарӯзӣ муроҷиат намоянд. Пас аз ирсоли муроҷиат тавассути почтаи электронӣ ё WhatsApp, шаҳрвандон дар давоми 24 соат аз лаҳзаи фиристодани муроҷиат тасдиқи қабули онро дарёфт мекунанд. Ин шакли иртибот имкон медиҳад, ки шаҳрвандон новобаста аз макони зисташон, ариза ва муроҷиати худро дар вақти барояшон мувофиқ пешниҳод намоянд, инчунин аз тариқи телефон ё воситаҳои дигари мобилӣ ҷавобҳои худро ба таври фаврӣ дарёфт кунанд. Почтаи электронии Намояндагӣ: [email protected] Рақами WhatsApp: +7(999)912-58-68 wa.me/ 79999125868 Илова бар ин, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ахбори навтарин, тағйирот дар қонунгузории муҳоҷиратӣ, инчунин маълумот оид ба фаъолияти Намояндагӣ дар сомонаи расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоии расмии мо дастрас аст. Сомонаи расмӣ: tajmigration.ru Шабакаҳо ва саҳифаҳои расмӣ: https://t.me/predmintrud_rt_rf https://rutube.ru/channel/41647509/ www.youtube.com/@tajmigration instagram.com/tajmigration_tj?igsh=MWY2c2RqOG1raGl2bQ== facebook.com/tajmigrationru?mibextid=LQQJ4d
Posted Oct 22
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки аз 1 сентябри соли 2025 дар шаҳри Москва ва вилояти он озмоиш оид ба татбиқи механизмҳои нави бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба Россия бе раводид ворид мешаванд, роҳандозӣ гардидааст. Дар доираи ин озмоиш, шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд мустақилона ба Вазорати корҳои дохилии Россия дар бораи ҷойи воқеии иқомати худ тавассути барномаи мобилии «Амина» иттилоъ диҳанд. Намояндагӣ таъкид менамояд, ки иштирок дар озмоиш танҳо барои он шаҳрвандон пешбинӣ шудааст, ки дар шаҳри Москва ва вилояти он иқомат ва фаъолият доранд, пешбинӣ шудааст. Дар дигар минтақаҳои Федератсияи Россия тартиби амалкунандаи бақайдгирии муҳоҷирони хориҷӣ боқӣ мондааст ва тибқи қонунгузории амалкунанда анҷом дода мешавад. Ёдрас мекунем, ки осонтарин роҳ барои ба қайд гирифтани шаҳрванд — ин онлайн-бақайдгирӣ тавассути портали «Госуслуги» мебошад.
Posted Oct 22
Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки 19 -20 октябри соли ҷорӣ сафари кории масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Приволжие ба шаҳри Толятти баргузор гардид. Дар доираи сафари мазкур вохӯрӣ бо намояндагони маъмурияти шаҳр, инчунин иштирок дар мизи мудаввар таҳти унвони «Мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Самара» доир гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ бо маъмурият масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти онҳо дар қаламрави вилояти Самара баррасӣ шуданд. Маъмурият саҳми назарраси шаҳрвандони Тоҷикистонро дар рушди иқтисодиёт таъкид намуда, аҳамияти ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистонро зикр кард. Қайд гардид, ки раванди мутобиқшавии онҳо муваффақона пеш меравад ва муҳоҷирон ба ҷомеа ва муҳити меҳнатии минтақа зуд ворид мегарданд. Дар рафти мизи мудаввар диққати махсус ба масъалаҳои будубоши қонунии муҳоҷирон, иҷрои уҳдадориҳои корфармоён оид ба бақайдгирии онҳо ва тартиб додани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои фаъолияти меҳнатӣ равона карда шуд. Ҳамзамон, масъалаҳои таъмини амнияти истеҳсолӣ ва ҳифзи меҳнат низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Намояндагони ширкатҳои ҶДММ «Фабрикаи Сифат» ва «Фабрикаи Бастабандии Волга» изҳори миннатдорӣ намуданд ҷиҳати ҳамкорӣ бо Намояндагӣ дар самти ташкили ҷойҳои корӣ ва ҷалби муҳоҷирони меҳнатии соҳибтахассус ба корхонаҳои худ, ки чандин сол боз дар қаламрави вилояти Самара фаъолият доранд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардид ва ба мубодилаи таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳо байни иштирокчиёни мизи мудаввар мусоидат намуд.
Posted Oct 22
Ба саволҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассиси соҳаи муҳоҷират посух гардонид. Ба мо саволҳои худро бифиристед, мо бароятон посухҳои мушаххас медиҳем.