TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Back to channels
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT CHAT

Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf

Business and startups

Subscribers620Current channel subscribers
Tracked posts473Indexed post count
Recent reach2,412Sum of recent post views
Recent posts

Recent posts

Page 17 of 40 · 473 posts

Posted Oct 4

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 04.10.2025 #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Душанбе#Dushanbe#РузиЗабон#ДеньЯзыка#LanguageDay

121 views

Posted Oct 3

Паёми табрикотӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик мегӯяд! Забони тоҷикӣ, ки бо таърихи ғанӣ, решаҳои устувор ва мақоми баланди фарҳангӣ дар дунё маъруф аст, василаи муқаддаси ваҳдат, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллии мост. Ҳар калимаи он ҷилои маънавияти аҷдодӣ дошта, миллатро бо гузашта, имрӯз ва оянда мепайвандад. Имрӯз, ки ҳазорон ҳамватанони мо берун аз Ватан, аз ҷумла дар Федератсияи Россия, фаъолият доранд, забони модарӣ ба унвони пойдевори ҳувият ва гарданиёни фарҳангӣ аҳамияти хоса пайдо мекунад. Нигоҳдории он на танҳо масъулияти шахсӣ, балки қарзи виҷдонӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Бо истифода аз ин фурсати муборак, мо аз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ даъват мекунем, ки ба арҷгузорӣ ва ҳифзи забони модарӣ ҳамеша содиқ бошанд, онро омӯзанд, риоя намоянд ва ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ ба наслҳои оянда расонанд. Бигзор партави маънавии забони тоҷикӣ ҳамеша роҳи зиндагии моро равшан созад ва ба ваҳдату пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намояд. Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз! Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

160 views

Posted Oct 2

Вохӯрии Масъули Намояндагӣ бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тотористон Масъули Намояндагӣ бо мусоидати роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Маркази миллии фарҳангии тоҷикон дар Ҷумҳурии Тотористон» Тоиров Сабриддин Мирзоевич бо роҳбари кумитаи иҷроияи Шӯрои Ассамблеияи халқҳои Тотористон Валиуллин Ренат Накифович, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии автономии «Маркази мутобиқгардонии иҷтимоиву фарҳангии шаҳрвандони хориҷӣ» Аманов Рустем Ринатович ва муовини директори «Хонаи Дӯстии Халқҳо»-и Ҷумҳурии Тотористон Ахмадуллин Рафил Ришатович вохӯрӣ доир намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими марбут ба риояи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корфармоён, таъмин бо ҷойи кор ва мутобиқгардонии онҳо баъди омадан ба Ҷумҳурии Тотористон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон ҷонибҳо инчунин перомуни самтҳои ҳамкории минбаъда дар ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, мусоидат ба шуғл ва мутобиқгардонии онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тотористон мубодилаи назар намуданд. Дар анҷоми мулоқот намояндагони Шӯро баланд будани сатҳи иштирок ва саҳмгузории Марказ дар ҳаёти ҳаррӯзаи муҳоҷирон, инчунин огоҳ намудани шаҳрвандон оид ба ҳамаи тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тотористон-ро таъкид карданд.

154 views

Posted Sep 29

29 сентябр суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид. Зимни суҳбат сарони ду давлат масъалаҳои ҷории рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россияро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Сарони давлатҳо, ҳамчунин, ҷадвали мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистода дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд. 29 сентября состоялся телефонный разговор Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона с Президентом Российской Федерации уважаемым Владимиром Путиным. В ходе беседы Главы двух государств обсудили текущие вопросы развития таджикско-российских двусторонних отношений, обменялись мнениями по актуальным аспектам международной повестки. Главы государств также обсудили график предстоящих встреч на высшем уровне как в двустороннем, так и многостороннем форматах. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Душанбе#Dushanbe#Русия#Россия#Russia#Путин#Putin President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

170 views

Posted Sep 25

Ҳифзи ҳуқуқ ва огоҳсозии муҳоҷирон — мулоқот дар Иркутск 22 сентябри соли 2025 масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Сибир дар ҳамкорӣ бо роҳбари Ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутск, дар назди масҷиди ҷомеи шаҳри Иркутск бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ баргузор намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти калидӣ дорад. Дар ҷараёни вохӯрӣ ба ҳозирин оид ба таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки гурӯҳҳои террористӣ бо ҳадафҳои мушаххас фаъолият бурда, барои иҷрои онҳо аъзои навро ҷалб ва сафарбар месозанд. Ҳамзамон ба ҳифзи саломатӣ, тозагии сару либос ва намуди зоҳирӣ низ диққати махсус дода шуд, то муҳоҷирон худ ва наздикони худро аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ доранд. Вохӯрӣ дар фазои самимӣ ва бо саволу ҷавобҳои сершумор сурат гирифт. Таъкид шуд, ки дар ҳолати зарурӣ барои гирифтани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба намояндагӣ муроҷиат намоянд, на ба шахсони инфиродӣ.

219 views

Posted Sep 23

Вохӯрӣ бо роҳбарияти Маркази тиҷоратӣ ва фуруши маҳсулоти кишоварзӣ "Теплый стан" 22 сентябри соли 2025 масъулини Намояндагӣ бо роҳбарияти Маркази тиҷоратӣ ва фуруши маҳсулоти кишоварзӣ "Теплый стан"-и шаҳри Москва вохӯрии корӣ баргузор намуданд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо масъалаҳои марбут ба ҷойгиркунии шаҳрвандон ба ҷойи кор дар ҳудуди бозор, инчунин таъмини риояи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардиданд. Роҳбарияти бозор аз Намояндагӣ барои таваҷҷуҳи зоҳиргардида изҳори сипос намуда, омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъдаи самаранок таъкид кард. Хусусан, аҳамияти ҳамкории муштарак дар самти баргузории чорабиниҳои профилактикӣ дар ҳудуди бозор таъкид шуд, ки ҳадафи онҳо огоҳ намудани шаҳрвандон дар бораи навгониҳои қонунгузорӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳими вобаста ба ҳуқуқу уҳдадориҳои муҳоҷирон мебошад.

203 views

Posted Sep 23

Сафари кории масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Урал ба вилояти Курган Рӯзҳои 18–19 сентябр масъули Намояндагӣ дар ҳайати гурӯҳи намояндагони муассисаҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҳавзаи федералии Урал фаъолият менамоянд, бо сафари корӣ ба вилояти Курган иштирок намуд. Дар ҷараёни сафар вохӯриҳо бо роҳбарияти вилояти Курган, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва доираҳои соҳибкорӣ баргузор гардиданд. Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, густариши робитаҳо дар бахшҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, инчунин ҳамкориҳои фарҳангиву башардӯстона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон ба масъалаҳои марбут ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, беҳсозии шароити иқомат ва фаъолияти меҳнатии онҳо дар минтақа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ин сафар барои таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкории созанда ва муколамаи амалии дипломатӣ миёни намояндагони муассисаҳои дипломатии хориҷӣ ва роҳбарияти вилояти Курган заминаи мусоид фароҳам овард.

180 views

Posted Sep 23

Суҳбатҳои профилактикӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маркази тиҷоратӣ ва фуруши маҳсулоти кишоварзӣ “Теплый стан” 22 сентябри соли ҷорӣ дар Маркази тиҷоратӣ ва фуруши маҳсулоти кишоварзӣ “Теплый стан”-и шаҳри Москва вохӯрии масъулини Намояндагӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузории муҳоҷирати кишвари иқомат баррасӣ шуда, ҳамчунин тартиби истифодаи замимаи «Амина» барои бақайдгирии муҳоҷирон шарҳ дода шуд. Ба масъалаҳои амният таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид: иштирокчиён огоҳ карда шуданд аз хатарҳои ҷалб шудан ба гурӯҳҳои шубҳанок, инчунин зарурати эҳтиёткорона муносибат кардан ба матолиби гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Ғайр аз ин, муҳоҷирон ба риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар ҷои кор ва чораҳои ҳифзи саломатӣ хотиррасон карда шуданд, то хатари гирифтор шудан ба бемориҳое мисли ВНМО/СПИД ва сил коҳиш ёбад. Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва мубодилаи мутақобилаи иттилоот баргузор шуд. Дар анҷоми чорабинӣ муҳоҷирон ба саволҳои худ ҷавоб гирифта, аз кормандони намояндагии Вазорати меҳнат барои таваҷҷуҳи зоҳиргардида изҳори сипос намуданд.

206 views

Posted Sep 16

Ҷаласаи нӯҳуми Гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия дар Сочӣ баргузор шуд 16 сентябри соли 2025 дар шаҳри Сочи, дар доираи Ҳафтаи байналмилалии ҳифзи меҳнат (ВНОТ-2025), ҷаласаи нуҳуми Гуруҳи корӣ оид ба амалисозии Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби муташаккили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия аз 17 апрели соли 2019 баргузор гардид. Ҷаласаро ҳамраисони Гурӯҳи корӣ — Шариф Сангимурод Норзода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Денис Александрович Васильев, муовини роҳбари Хадамоти федералӣ оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Русия роҳбарӣ карданд. Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷонибҳо ҷараёни амалисозии Созишномаи мазкурро муҳокима намуда, ба масъалаҳои ташкили муоинаи тиббӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафар ба Федератсияи Русия таваҷҷуҳ карданд. Ҳамзамон, масъалаи гузаронидани имтиҳони мукаммал оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Русия дар ҳудуди Тоҷикистон баррасӣ шуд, ки баргузории он ба мутобиқшавии шаҳрвандон ба муҳити иҷтимоиву ҳуқуқии Русия мусоидат менамояд. Ҷонибҳо инчунин зарурати таъсиси пойгоҳи таълимиро дар ҳудуди Тоҷикистон барои омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи стандартҳои давлатии таҳсилоти касбии Русия таъкид намуданд. Фаъолияти намояндагии ФГУП «ПВС ВКД Русия» дар Тоҷикистон низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифта, масъалаҳои беҳтарсозии ҳамкорӣ ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандон баррасӣ гардиданд. Аз ҷониби Федератсияи Русия абзорҳои нави рақамӣ дар соҳаи муҳоҷират муаррифӣ карда шуданд, ки метавонанд раванди бақайдгирӣ ва хизматрасонии марбут ба муҳоҷиратро осонтар созанд. Ҷониби Тоҷикистон бошад, мушкилоти иҷтимоиву ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатиро дар ҳудуди Русия матраҳ намуд ва зарурати ҳамкорӣ барои ҳалли амалии онҳо таъкид гардид. Дар натиҷаи муҳокимот, ҷонибҳо аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои минбаъда, такмили механизмҳои дастгирӣ ва баланд бардоштани ҳимояи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатиро зикр карданд.

358 views

Posted Sep 13

Уважаемые москвичи! Дорогие друзья! От имени Представительства Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции сердечно поздравляем вас с Днём города Москвы! Москва — это сердце России, символ её многовековой истории, культуры и духовных ценностей. Сегодня столица является не только политическим, экономическим и культурным центром страны, но и городом, где живут и трудятся миллионы людей разных национальностей, объединённых общими стремлениями к миру, дружбе и созиданию. Сегодня мы с особой теплотой вспоминаем и о замечательных отношениях дружбы и сотрудничества, которые уже много лет связывают Москву и столицу Таджикистана – прекрасный город Душанбе. Эти связи, основанные на взаимном уважении, доверии и общих интересах, являются ярким примером успешного межгосударственного диалога и народной дипломатии. Мы уверены, что плодотворное партнерство между нашими столицами будет и дальше укрепляться, открывая новые возможности для совместного развития. Желаем Москве дальнейшего процветания, стабильности и новых достижений! Пусть в вашем прекрасном городе всегда царят мир, согласие и благополучие, а москвичей сопровождают здоровье, счастье и уверенность в завтрашнем дне. С праздником, дорогие москвичи! С Днём Москвы! С уважением, Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции

247 views

Posted Sep 12

Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

197 views

Posted Sep 12

Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции сердечно поздравляет руководство и сотрудников подразделений по вопросам миграции МВД России с их профессиональным праздником — Днём сотрудника миграционной службы. Этот день символизирует признание важности и значимости вашей деятельности в обеспечении законности, безопасности и правопорядка в сфере миграции. Благодаря вашему высокому профессионализму, ответственности и преданности делу создаются условия для достойного пребывания и законного труда мигрантов, укрепляется сотрудничество между нашими странами и развивается гуманитарное взаимодействие. Желаем вам крепкого здоровья, благополучия, успехов в служебной деятельности и новых достижений на благо общества и государства. С уважением, Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции

197 views
12•••10•••151617181920•••30•••3940