Recent posts
Page 24 of 40 · 473 posts
Posted Jun 26
Мувофиқи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия, парвариши ғайриқонунии растаниҳои нашъаовар ё психотропӣ бо ҳаҷми зиёд бо ҷазои то 8 сол маҳрум сохтан аз озодӣ таҳти таъқиб қарор мегирад. Ҳамчунин, барои парвариши миқдори ками ин растаниҳо ҷазои маъмурӣ дар назар дошта шудааст — ҷарима ё ҳабси маъмурӣ. Намояндагӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, тавсия медиҳад, ки аз парвариш ва истифодаи ҳама гуна растаниҳое, ки метавонанд зери манъи қонунгузорӣ бошанд, худдорӣ намоянд, то аз оқибатҳои ҳуқуқӣ эмин монанд. Ҳамзамон, тавсия дода мешавад, ки пеш аз шинондани ҳар гуна растании дорои хусусиятҳои ғайриодӣ, ба манбаъҳои расмии иттилоотӣ (портали расмии Ҳукумати Россия, «КонсультантПлюс», Вебсайти Вазорати корҳои дохилӣ ва ғайра) муроҷиат намоянд. Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ш. Москва «24» июни соли 2025
Posted Jun 26
МАЪЛУМОТНОМА дар бораи манъи парвариш, нигоҳдорӣ ва интиқоли баъзе намудҳои растаниҳо дар ҳудуди Федератсияи Россия Шаҳрвандони муҳтарам, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия оид ба муҳоҷират бо эҳтиром иттилоъ медиҳад, ки дар асоси қонунгузории амалкунандаи Федератсияи Россия, парвариш, нигоҳдорӣ ва интиқоли як қатор намудҳои растаниҳо, ки дорои моддаҳои нашъаовар ё психотропӣ мебошанд, манъ карда шудааст. Имрӯз дар қаламрави Федератсияи Россия 19 намуди растаниҳо таҳти назорати давлатӣ қарор доранд. Барои парвариши ин растаниҳо тибқи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ҷавобгарӣ муқаррар шудааст: ҷарима то 300 000 рубл, корҳои маҷбурӣ то 480 соат, маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол. Намудҳои манъшуда ё номатлуб дар Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 7 феврали соли 2024 № 135 зикр гардидаанд: «Дар бораи тасдиқи рӯйхати растаниҳо, ки дорои маводи нашъаовар ё моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо мебошанд ва бояд таҳти назорат бошанд». Рӯйхати 10 растании манъшуда, ки дар заминҳои кишоварзӣ ва боғҳои Россия ба назар мерасанд: 1. Лотуси кабуд (кувшинка кабуд) — растании обии оилаи кувшинкагулҳо бо гулҳои зебои ранги кабуд. Дар таркибаш алкалоидҳо дорад ва ҳангоми истеъмол таъсири сабуки галлюциногенӣ мебахшад. 2. Ипомеяи сесабза (Ipomoea tricolor) — токмонанди яксола бо гулҳои калони рангобаранги диданӣ, ки бисёриҳо онро ҳамчун ороишӣ парвариш мекунанд. Дар тухмаш моддаҳои нашъаовари галлюциногенӣ мавҷуданд. 3. Конопляи киштӣ (Cannabis sativa) — барг ва гули он дорои каннабиноидҳо мебошанд, ки ба рӯҳия ва эҳсоси инсон таъсир мерасонанд, хоболудӣ ё баръакс ҳаяҷонро ба вуҷуд меоранд. Парвариши конопляи техникӣ ё ғизоӣ таҳти танзими шадиди давлатӣ қарор дорад. 4. Шалфейи пешгӯён (Salvia divinorum) — дорои моддаи психоактивии сальвинорин мебошад. Ин модда хастагӣ, чархзании сар, галлюцинация ва аз даст рафтани муваққатии хотираро ба бор меорад. 5. Маки хобовар (Papaver somniferum) — шираи ширинаки он дорои опиатҳо — маводи нашъаовари пурқувват мебошад, ки вобастагии ҷисмонӣ ба вуҷуд меоранд. 6. Розаи гавайӣ (Argyreia nervosa) — ё худ Аргиреяи асабдор, дорои алкалоидҳост, ки ҳангоми истеъмол метавонанд галлюцинация, тағйироти дар шуур ва таъсири номатлуб ба вуҷуд оранд. 7. Турбинаи сипаршакл (Turbina corymbosa) — тухмаш дорои моддаҳои психоактивӣ буда, дар байни аҳолии бумии Амрико чун воситаи галлюциногенӣ истифода мешуд. 8. Эфедра (Ephedra) — маъруф бо номи "малинаи саҳроӣ" ё "алафи Кузмич", дорои алкалоиди эфедрин мебошад, ки фаъолияти асабро таҳрик медиҳад. Маводи мазкур аз сабаби истифодааш дар истеҳсоли маводи мухаддири метамфетамин манъ шудааст. 9. Петрушкаи мӯйнок (Petroselinum crispum) — худи растании сабзи он барои парвариш иҷозат дода шудааст, вале дар қабати тухми он моддаи психоактивии миристицин мавҷуд аст, ки барои истеҳсоли амфетаминҳо истифода мешавад. Барои харид ва нигоҳдории тухми петрушкаи мӯйнок бо ҳадафи коркард низ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст. 10. Ҳазориспанд ё ин ки Гармала (Peganum harmala) — растанӣ аст, ки алкалоидҳо ба монанди гармалин ва гармин дорад, ки хусусиятҳои психоактивӣ доранд. Ин растанӣ барои воридот, муомилот ва истеъмол дар ҳудуди Федератсияи Россия манъ шудааст. Илова ба растаниҳои болозикршуда, хабар медиҳем ки инчунин Нос (Насвай, тамокуи сабз) - истеҳсол ва фурӯши он, аз ҷумла савдои яклухт ва чакана, манъ аст. Воридоти насвай барои истифодаи шахсӣ иҷозат дода шудааст, вале на бештар аз 250 грамм. Барои вайрон кардани манъи савдои нос (насвай) ҷаримаҳо пешбинӣ шудаанд: барои шахсони воқеӣ аз 2000 то 4000 рубл, барои шахсони мансабдор аз 30 000 то 50 000 рубл, ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 100 000 то 150 000 рубл. Барои фурӯши насвай ба ноболиғон ҷаримаҳо ба маротиб баландтаранд: барои шахсони воқеӣ аз 20 000 то 40 000 рубл, барои шахсони мансабдор аз 40 000 то 70 000 рубл, ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 150 000 то 300 000 рубл.
Posted Jun 18
Лоиҳаи - "Алабуга Старт" Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки лоиҳаи Alabuga Start, ки дар ҳудуди Минтақаи махсуси иқтисодии «Алабуга» (Ҷумҳурии Тотористон, Федератсияи Русия) амалӣ мегардад, яке аз ташаббусҳои пешрафта ва муҳим барои ҷалби ҷавонони муҳоҷири меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳа ба ташкили шароити шоистаи кор, рушду пешрафти касбӣ, мутобиқшавии иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба таҳсил барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади кору зиндагии муваққатӣ ба Россия меоянд, нигаронида шудааст. Имтиёзҳо ва имкониятҳо барои иштирокчиёни лоиҳаи Alabuga Start: 1.Пардохти пурраи хароҷот: oРоҳкиро то ҷои кор (бо ҳавопаймо ё роҳи оҳан); - Тайёр кардани ҳуҷҷатҳо (патент, бақайдгирӣ, комиссияи тиббӣ); oМанзили зист ва таъминоти ғизоӣ дар давраи аввалияи мутобиқшавӣ; - Музди меҳнати шоиста *(Аз 90 то 120 ҳазор рубл)* бо имконияти пешравӣ дар кор oҲамаи хароҷот дар сурати фаъолият ва иҷрои шартҳои кор (на камтар аз 1 сол) аз тарафи корфармо баргардонида мешавад. 2.Рушди касбӣ ва болоравии мансаб: - Фаъолият ба кор дар корхонаҳои муосири саноатӣ ҷалб карда мешаванд; - Курсҳои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омӯзиши дохилии корхона пешбинӣ шудааст; - Бо натиҷаҳои хуби кор, имкони пешрафт то вазифаҳои роҳбарикунанда мавҷуд аст. 3.Маориф ва омӯзиш: - Омӯзиши забони русӣ, қонунгузории меҳнатии Россия ва малакаҳои касбии зарурӣ ройгон дода мешавад; - Имкони идомаи таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таълимии назди Минтақаи иқтисодии махсуси «Алабуга» мавҷуд аст. 4.Мутобиқшавии иҷтимоӣ: - Кӯмак дар мутобиқ шудан ба шароити зиндагии Россия; - Дастгирии равонӣ ва иҷтимоӣ Тава сути роҳбарон ва роҳбаладон; - Ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ барои ҳамгироии беҳтар. Зикр кардан ҷоиз аст, ки лоиҳаи «Алабуга Старт» як пешниҳоди нодир ба ҳисоб меравад ва дар баробари таҳсилот имкони таҷрибаомузи, таҷрибаандохтан ва фаъолият дар заминаи Алабуга пешниҳод карда мешавад. Лоиҳаи Alabuga Start дар ҳамкорӣ бо Намояндагӣ амалӣ мегардад, ки иштирокчиёнро дар тамоми марҳилаҳо — аз интихоби аввалия то кор ва зист — ҳамроҳӣ ва дастгирӣ мекунад. Иштирок дар лоиҳаи Alabuga Start имкони нодир барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, то кори устувор, малакаҳои касбӣ ва зиндагии шоистаро дар Россия ба даст оранд. Тамос барои иштирок дар лоиҳаи Alabuga Start: +7 (986) 913 55 99 – Рамиз Русланович Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоед.
Posted Jun 17
КӮМАКИ ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ БА НИЁЗМАНДОНИ ШАҲРИ РОҒУН Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират хабар медиҳад, ки Намояндагӣ дар ҳамкорӣ ва бо дастгирии фаъолонаи Шӯрои ҳамоҳансозии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатернбург таҳти роҳбарии Умаров Ёқубҷон иқдоми навбатии хайриявӣ барои шахсони ниёзманд, аз ҷумла кӯдакони бепарастор ва маъюбонро дар шаҳри Роғун анҷом дода. Намояндагӣ дар доираи Консепсияи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025 масъалаи ҷалби ҳамватанони бурунмарзиро дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар чорабиниҳои мухталиф бо иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва шӯроҳои ҷамъиятии ҳамватанони бурунмарзӣ матраҳ ва муҳокима намуда, саҳми арзишманди ҳамвтанони бурунмарзиро дар ин самт пайваста таъкид менамояд. Дар доираи иқдоми хайриявии мазкур соҳибкорони ватандӯст, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамвтанони саховатпеша иштирок намуда, аробачаҳои маъюбӣ, таҷҳизоти ҳаракат барои шахсони имконияташон маҳдуд, инчунин 1,7 тонна либосу пойафзоли мавсимӣ барои хонаи кӯдакон ва калонсолони ниёзманд харидорӣ карда шуда, дастрас гардиданд. Шоистаи зикр аст, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳона ҳамеша аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ дар доираи ҷашнҳои милливу давлатӣ анҷом дода шуда, сарчашма аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамватанони мо дастур супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи фаъолияти кори худ намуда, ба таври шоиста миллати тоҷикро дар хориҷи кишвар муаррифӣ менамоянд. Намояндагӣ минбаъд низ ҳамкориҳои зичи худро бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва доираҳои соҳибкорӣ идома дода, онҳоро барои иштирок дар барномаҳои миллӣ ва пешбурди иқдомҳои хайриявӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб хоҳад кард.
Posted Jun 15
РАВАНДИ БАРАСМИЯТДОРИИ БУДУБОШИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ДАР РОССИЯ ИДОМА ДОРАД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 вобаста ба ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуда, барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки мушкилот дар самти таҳияи ҳуҷҷатҳои будубош доранд идома дорад. Фармони мазкур имконият медиҳад, ки то 10 сентябри соли 2025 ҷиҳати ба расмиятдарории фаъолияти меҳнатӣ ба мақомотҳои салоҳиятдор муроҷиат намуда, талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд. Иттилоъ медиҳем, ки шаҳрвандон вобаста ба расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар ин давра ба шӯъбаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намоянд. Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: Телефонҳо барои тамос: +7 (495) 967-98-44 , +7 (999) 912-58-68 шабакаи иҷтимоии “WhatsApp”
Posted Jun 12
Уважаемые друзья! Дорогие граждане Российской Федерации! От имени Представительства Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции сердечно поздравляем вас с одним из главных государственных праздников – Днём России! Этот знаменательный день символизирует единство, свободу, мир и патриотизм. Он напоминает о великой истории, культурном многообразии и многовековых традициях, которые являются прочной основой российского государства. Российская Федерация и Республика Таджикистан связывают крепкие узы дружбы, стратегического партнёрства и взаимного уважения. Мы искренне ценим добрососедские отношения между нашими странами и плодотворное сотрудничество, особенно в сфере трудовой миграции и занятости, которое способствует укреплению межгосударственных связей. В этот праздничный день желаем Российской Федерации мира, стабильности, благополучия и процветания, а всем её гражданам – крепкого здоровья, счастья, новых достижений и уверенности в завтрашнем дне! С уважением, Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции 11 июня 2025 года
Posted Jun 11
Саҳифаи расмии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар шабакаи иҷтимоии инстаграм. Хабару матлабҳо оид ба қонунгузорӣ дар Федератсияи Россия, маълумот дар бораи фаъолияти меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб ва маълумот дар бораи ҳифзи манфиатҳои муҳоҷиронро метавон инҷо мутолиа намуд. Ба мо обуна шавед, маълумотҳои бештарро инҷо пайгирӣ намоед:https://www.instagram.com/p/DKtwtabgcPW/?igsh=dGVmMTk5N3I5cG91
Posted Jun 11
*Қоидаҳои нави вуруд ба Россия: чӣ бояд донист* Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки аз 30 июни соли 2025 қоидаҳои нави вуруд барои шаҳрвандони хориҷӣ амал мекунанд. Дар бораи он, ки чӣ гуна ба сафар омода шудан лозим аст, маълумот пешниҳод мегардад. Чӣ бояд донист дар бораи барномаи ruID ва барои чӣ ба хориҷиён барномаи ruID лозим аст: • Пеш аз сафар ба Россия бояд пешакӣ дар барномаи ruID ё дар портали Госуслуги дархости вуруд пешниҳод карда шавад • Дар барномаи ruID дастрас аст: • Хизматрасониҳо ва сервисҳо барои хориҷиён • Огоҳиномаҳо дар бораи вазъи дархостҳо • Маълумот дар бораи будубош дар Россия Пас аз гузаштани марз ва тасдиқи ҳисоби шахсӣ дар Госуслуги, дар барнома рамзи QR ташаккул меёбад, ки онро ҳамроҳ бо шиноснома нишон додан мумкин аст • Ба барномаи ruID метавонед бо логин ва пароли портали Госуслуги ворид шавед. Агар ҳанӯз ҳисоби шахсӣ надошта бошед — метавонед ҳангоми воридшавии аввал сабти ном шавед ё пешакӣ дар портал ба қайд гиред Чӣ тавр шаҳрванди хориҷӣ метавонад сафар ба Россияро ба нақша гирад ва чи бояд кард пеш аз сафар: • Барои вуруди бидуни виза, сафарро бояд пешакӣ дар барномаи ruID ё дар портали Госуслуги сабт кард Чӣ тавр сафарро дар барномаи ruID сабт кардан лозим аст: 1.Барномаи ruID-ро ба телефон зеркашӣ ва насб кунед 2.Бо логин ва пароли Госуслуги ворид шавед. Агар ҳисоби шахсӣ надошта бошед — сабти ном шавед. Ҳангоми сабти ном маълумоти шиносномае, ки бо он марзи Россияро мегузаред, ворид кунед 3.Дар барнома дар бораи сафар дархост пешниҳод кунед: • на дертар аз 90 рӯз ва на дертар аз 72 соат пеш аз вуруди банақшагирифташуда • на дертар аз 4 соат барои вуруди фаврӣ (дар ҳолати муолиҷаи таъҷилӣ, бемории вазнин ё вафоти хешованди наздик — ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда лозиманд) 4.Маълумоти зеринро пур кунед: • ҳадафи сафар • муҳлати банақшагирифташудаи будубош • минтақаҳое, ки ният доред боздид кунед • маълумоти кӯдакони ҳамсафар. Агар падару модар якҷо сафар кунанд, маълумоти кӯдаконро ҳар ду волидайн нишон медиҳанд 5.Биометрияро дар барномаи ruID сабт кунед: • акс гиред • акс аз шиноснома гиред • сабти овоз кунед 6.Мунтазири санҷиши маълумот шавед — огоҳинома дар ҳисоби шахсии шумо дар барнома пайдо мешавад Бе сабти биометрия сабти сафар имконнопазир аст. Барои ҳар як сафари нав бояд аксбардории нав анҷом дода шавад, ҳатто агар биометрияи қаблан сабтшуда мавҷуд бошад Агар шумо аллакай биометрияи сабтиномшуда дар Россия дошта бошед: • Метавонед дархости сафарро тавассути портали Госуслуги пешниҳод кунед — таҷҳизоте лозим аст, ки сабти видео ва овозро дастгирӣ мекунад, барои тасдиқи шахсият Чӣ тавр сафарро дар портали Госуслуги сабт кардан лозим аст: 1.Ба портал бо логин ва пароли худ ворид шавед ё сабти ном шавед 2.Ба хизматрасонӣ гузаред ва маълумоти сафарро пур кунед — раванд ба пур кардани дархост дар барномаи ruID монанд аст 3.Барои тасдиқи шахсият аз рӯи биометрия, акси чеҳраи худро гиред 4.Дархостро ирсол кунед 5.Мунтазири санҷиш шавед — огоҳинома дар ҳисоби шахсии шумо дар барнома пайдо мешавад Навори иттилоотӣ: VK: https://vkvideo.ru/video-73442711_456239767; YouTube: https://youtu.be/eNCLxlFKyhM; Rutube: https://rutube.ru/video/ff74901679606fc7ccf856e54b5f1479/. ЕПГУ: https://www.gosuslugi.ru/landing/new_entry_rules. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоед Намоянда дар минтақаи Сибир, шаҳри Новосибирск +7 (929) 388-54-11 Намоянда дар минтақаи Приволжье, шаҳри Уфа +7 (926) 311-52-53 Намоянда дар минтақаи Ҷанубӣ, шаҳри Краснодар +7 (901) 344-77-77 Намоянда дар минтақаи Шимолу-ғарбӣ, ш. Санкт-Петербург +7 (977) 963-25-69
Posted Jun 10
Ҳамватанони муҳтарам! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти шумо мерасонад, ки дар Минтақаи иқтисодии махсуси саноатии «Алабуга», воқеъ дар Ҷумҳурии Тотористон, имкониятҳои васеъ барои шуғли расмӣ, рушди касбӣ ва таълими муосир мавҷуд мебошанд. Минтақаи иқтисодии махсуси саноатӣ «Алабуга» яке аз калонтарин паркҳои индустриалӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад, ки дар он даҳҳо корхонаҳои муосири истеҳсолӣ бо иштироки сармояи хориҷӣ фаъолият доранд. Бо назардошти рушди иқтидори саноатӣ ва васеъшавии иқтидорҳои истеҳсолӣ, «Алабуга» фаъолона ҷалби қувваи кории хориҷиро, аз ҷумла аз кишварҳои ИДМ ва Тоҷикистон, амалӣ мекунад. Шароити кор ва имкониятҳои шуғл: •Бақайдгирии расмии меҳнатӣ бо бастани шартномаи меҳнатӣ тибқи қонунгузории Федератсияи Россия; •Таъмини манзили зист (хобгоҳ ё манзили иҷора) аз ҷониби корфармо; •Таъминоти ғизо ё ҷубронпулӣ барои хароҷоти хӯрок (вобаста ба корхона); •Музди меҳнати шоиста (Аз 100 то 300 ҳазор рубл) бо имконияти пешравӣ дар кор; •Суғуртаи тиббӣ ва муоинаи мунтазами тиббӣ; •Кумак дар барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо (патент, иҷозати кор ва ғайра). Имкониятҳои пешравӣ ва рушди касбӣ: Корфармоёни «Алабуга» ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва нигоҳ доштани онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд. Барои кормандон пешниҳод мегардад: •Омӯзиш дар ҷараёни кор, таҷрибаомӯзӣ ва курсҳои такмили ихтисос; •Имконияти пешбарӣ ба вазифаҳои техникӣ ва роҳбарӣ дар асоси натиҷаи фаъолияти хуб; •Қарордодҳои дарозмуддат барои кормандони арзанда. Имкониятҳои таҳсил: Бо дастгирии маъмурияти минтақа дар ҳудуди «Алабуга» маркази таълимии Alabuga Polytech фаъолият мекунад, ки дар он пешниҳод мешавад: •Курсҳои кутоҳмуддат ва дарозмуддати омодагӣ ва бозомӯзии касбӣ дар соҳаҳои серталаб (мехатроника, автоматика, кафшергарӣ, логистика ва ғайра); •Омӯзиш бо усули омезишёфта (таълим ва таҷриба дар корхона); •Имконияти ба даст овардани дипломи намунаи русӣ; •Дастгирии ҷавонон ва таълим бо кафолати ҷойи корӣ. Тамос барои имкониятҳои таҳсилотӣ: +7 (986) 913 55 99 Тамос барои имкониятҳои корӣ: +7 (917) 266 38 96
Posted Jun 9
Иттилои муҳим оид ба буду боши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия. https://youtu.be/JI_gZsDE5CY
Posted Jun 5
Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин https://president.tj/event/news/51084 4 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушди шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо метавонем бо талошҳои муштарак ба пешрафти боз ҳам бештар ноил гардем. Ба татбиқи тавофуқоти зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия, ки моҳи марти соли равон баргузор гардид ва санадҳои имзошуда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз ҷумла, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика ва дар маҷмуъ робитаҳои иқтисодӣ, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт. Густариши муносибатҳо дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш ҳам самтҳои муҳими ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид. Ҳарду ҷониб аз ҷараёни бомуваффақияти Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Маскав ва Қазони Федератсияи Русия изҳори қаноат намуданд. Табодули андеша, ҳамчунин, доир ба рӯзномаи мулоқоти сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон сурат гирифт. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Душанбе#Dushanbe#Русия#Россия#Russia#Мишустин#Mishustin
Posted Jun 5
Ҳамватанони азиз! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия Шуморо ба муносибати Иди Қурбон — яке аз маросимҳои муборак ва муқаддаси дини Ислом, ки рамзи фидокорӣ, поквиҷдонӣ ва инсонгароист, самимона табрик менамояд. Бигузор файзу баракати ин Ид ба ҳар як хонадон, ба ҳар як фарди тоҷику мусалмон нуру сафо, сулҳу оромӣ ва ризқу рӯзии фаровон оварад. Иди Қурбон – иди раҳму шафқат, хайру эҳсон ва якдигарфаҳмист. Дар арафаи ин маросими муҳими мусалмонӣ саховатмандон дасти сахо ба ятимону бечорагон ва муҳтоҷон дароз намуда, ба амалҳои хайр даст мезананд. Намояндагӣ даъват ба амал меорад, ки ҳангоми адаои намози ид, ҳангоми баргузории маросими динӣ (қурбонӣ) дар кишвари иқомат талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат, меъёрҳои миллӣ ва расму оинҳои халқҳои Россияро эҳтиром намуда, бо ахлоқи намунавӣ фарҳанги волои миллати тоҷикро дар хориҷи кишвар муаррифӣ намоед. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми иҷрои адои намоз бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиро гирифта, талаботҳои бехатарӣ, ки дар масҷидҳо масъулини мақомоти давлатӣ талаб менамоянд риоя намоед. Иди Қурбон ба ҳар як тоҷику тоҷикистон ва ҳамватанони муқими Федератсияи Россия муборак бошад! http://tajmigration.ru/news/2520-tabrikot-bahshida-ba-idi-saidi-1178urbon.html