Recent posts
Page 25 of 40 · 473 posts
Posted Jun 4
БА ТАВАҶҶӮҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!!! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумотҳои омории Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия бо дар дар назардошти пешниҳод накардани маълумотнома дар бораи фаъолияти меҳнатӣ аз аввали соли 2025 то инҷониб 21,5 ҳазор иҷозатномаҳои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ (патент) дар Федератсияи Россия бекор карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 ҳолати мазкур се маротиба афзоиш ёфтааст. Иттилоъ медиҳем, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд. Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад, ки талаботи қонунгузории Федератсияи Россияро дар ин самт риоя намуда, огоҳинома оид ба шартномаи меҳнатӣ бо корфарморо саривақт ба мақомоти дахлдори давлатӣ манзур намоед. Намояндагӣ шаҳрвандонро хотирасон менамояд, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо ва пеш омадани мушкилот дар ин самт метавонанд ба рақами боварии Намояндагӣ +7(495)967-98-44дар тамос шаванд.
Posted Jun 3
СЕ РОҲИ ПЕШНИҲОД НАМУДАНИ МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи иттилои мақомотҳои марбутаи Федератсияи Россия аз аввали соли 2025 бо дар назардошти пешниҳод накардани маълумот дар бораи фаъолияти меҳнатӣ 21,5 ҳазор иҷозатномаҳои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари иқомат бекор карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 масъалаи мазкур се маротиба афзоиш ёфтааст. Иттилоъ медиҳем, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд. Намунаи пешниҳод намудани маълумотнома дар бораи шартномаи меҳнатиро, ки дар асоси фармони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия аз 5 сентябри соли 2023, №655 тасдиқ шудааст, дар линки мазкур пешниҳод менамоем. Барои пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти ҳудудӣ се роҳи қонунӣ вуҷуд дорад: 1. Тавассути хизматрасонии почтаи давлатии “Почта Россия” (бо дар назардошти пешниҳод намудани маълумот оид ба дастрас намудан ба мақомоти салоҳиятдор); 2. Тавассути портали ягонаи давлатии “Госуслугы”; 3. Шахсан ташриф овардан ба муассисаи давлатии федералии буҷетии “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза” - и ВКД ФР дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ, барои шаҳри Москва ва вилояти он “Сахарово”; Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад. Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо метавонанд ба рақамҳои боварӣ барои гирифтани тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон муроҷиат намоянд.
Posted Jun 1
Салом ҳамватанони азиз! Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки мутобиқи Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 7 ноябри соли 2024, №1510, ки ба қайди рақамии ҳатмии шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид ба Россия ворид мешаванд, асос мегузорад, аз 30 июни соли 2025 ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ бояд тавассути барномаи мобилии «Госуслуги RuID» сабти ном шаванд ва рамзи QR-и махсус гиранд, ки ҳангоми гузаштани сарҳад пешниҳод кардан лозим аст. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?: Қадами 1: Барномаи мобилии «Госуслуги RuID»-ро боргирӣ намоед — он дар App Store ва Google Play дастрас аст. Қадами 2: Сабти ном гузаред. Маълумоти зеринро ворид кунед: • Маълумоти шахсӣ (ном, насаб, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ), • Маълумоти шиноснома, • Рӯзи пешбинишудаи вуруд ба Россия. Қадами 3: Барнома рамзи QR тавлид мекунад. 📌 Ин рамз ҳатмӣ аст. Онро ҳангоми ворид шудан ба Россия дар сарҳад бояд нишон диҳед. ❗ Бе ин рамз мумкин аст ба шумо иҷозати вуруд дода нашавад. ❗❗❗Ҳамзамон, хабар медиҳем, ки дар асоси Қонуни Федералии № 121-ФЗ аз 23.05.2025, дар доираи таҷриба оид ба бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз 1 сентябри 2025 то 1 сентябри 2029 дар Москва ва вилояти Москва баргузор мегардад, низоми нави бақайдгирӣ тавассути барномаи мобилӣ ҷорӣ карда мешавад. Фарқи асосӣ: Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар таҷриба иштирок мекунанд, вазифадоранд на танҳо ба таври анъанавӣ дар макони истиқоматашон сабти ном шаванд, балки тавассути барномаи махсуси мобилӣ, ки маълумот дар бораи макони будубошашонро пешниҳод карда, мунтазам навсозӣ менамоянд. Ин маънои онро дорад, ки сабти анъанавии коғазӣ ё идорӣ дар макони истиқомат дар ин давра ва минтақа метавонад бо ҳисоби электронӣ тавассути барнома иваз карда шавад. "Ҳадафи умумии мо — муҳоҷирати бехатар".
Posted May 31
https://youtu.be/BpKYkSL3TlY?si=uMBnZIUKu_53My-G
Posted May 28
Нимаи дуюми рӯзи 28 май дар ҳошияи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар оғози мулоқот муҳтарам Рустам Эмомалӣ паёми гарм ва таманниёти самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин расониданд. Дар вохӯрӣ маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия баррасӣ карда шуд. Во второй половине дня 28 мая, в рамках официального визита в Российскую Федерацию, Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали провёл встречу с Президентом Российской Федерации уважаемым Владимиром Путиным. В начале встречи уважаемый Рустам Эмомали передал Президенту Российской Федерации уважаемому Владимиру Путину тёплое послание и искренние пожелания Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона. В ходе встречи был обсуждён широкий спектр вопросов стратегического партнёрства и союзнического взаимодействия между Таджикистаном и Россией. In the afternoon of May 28, as part of his official visit to the Russian Federation, the Chairman of the Majlisi milli of Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, the Chairman of the city of Dushanbe, honorable Rustam Emomali, held a meeting with the President of the Russian Federation, honorable Vladimir Putin. At the beginning of the meeting, honorable Rustam Emomali conveyed the warm message and sincere wishes of the President of the Republic of Tajikistan and Leader of the nation, Honorable Emomali Rahmon, to President Vladimir Putin. During the meeting, a wide range of issues related to the strategic partnership and allied cooperation between Tajikistan and Russia were discussed. @RustamEmomali
Posted May 28
28 май дар шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко мулоқот намуданд. Ҷонибҳо музокиротро дар доираи мулоқоти хоса оғоз карда, дар сиғаи васеъ бо иштироки ҳайатҳо идома доданд. Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю шарикии стратегии Тоҷикистону Россия, ҳамчунин масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 28 мая в городе Москве Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали в рамках официального визита в Российскую Федерацию провел встречу с Председателем Совета Федерации Федерального Собрания Российской Федерации уважаемой Валентиной Матвиенко. Стороны начали переговоры в узком формате и продолжили их в расширенном составе с участием делегаций. В ходе встречи был рассмотрен широкий круг вопросов двустороннего сотрудничества и стратегического партнерства между Таджикистаном и Россией, а также актуальные региональные и международные темы. On May 28, in the city of Moscow, the Chairman of the Majlisi milli of Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, the Chairman of the city of Dushanbe, honorable Rustam Emomali, held a meeting with the Chairperson of the Federation Council of the Federal Assembly of the Russian Federation, honorable Valentina Matvienko, as part of his official visit to the Russian Federation. The parties began negotiations in a narrow format and continued in an expanded format with the participation of delegations. During the meeting, a wide range of issues related to bilateral cooperation and the strategic partnership between Tajikistan and Russia were discussed, as well as current regional and international matters. @RustamEmomali
Posted May 28
Рустами Эмомали возложил венок к Могиле Неизвестного Солдата в Александровском саду города Москвы Подробнее
Posted May 28
@RustamEmomali
Posted May 28
28 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Москва гардиданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково-2-и шаҳри Москва меҳмони олиқадрро муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. 28 мая Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали прибыл в город Москву с официальным визитом. В международном аэропорту Внуково-2 города Москвы высокого гостя тепло и сердечно встретили заместитель Председателя Совета Федерации Федерального Собрания Российской Федерации, Чрезвычайный и Полномочный Посол Республики Таджикистан в Российской Федерации, а также другие официальные лица. On May 28, the Chairman of the Majlisi milli of Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, the Chairman of the city of Dushanbe, honorable Rustam Emomali, arrived in the city of Moscow on an official visit. At Vnukovo-2 International Airport in Moscow, the distinguished guest was warmly and cordially welcomed by the Deputy Chairperson of the Federation Council of the Federal Assembly of the Russian Federation, the Ambassador Extraordinary and Plenipotentiary of the Republic of Tajikistan to the Russian Federation, as well as other official representatives. @RustamEmomali
Posted May 28
28 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар карданд. Зимни сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. 28 мая Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали с официальным визитом отправился в город Москву Российской Федерации. В ходе официального визита Председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председателя города Душанбе уважаемого Рустама Эмомали сопровождают председатели комитетов Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, руководитель Аппарата Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан и другие официальные лица.
Posted May 27
Дуруд, ҳамватанони гиромӣ! 🇹🇯 Хушхабар барои онҳое, ки дар ҷустуҷӯи кори расмӣ дар Русия ҳастанд! Аз ҷониби ширкати хусусии "Петромакс" дархост ворид гардид ҷиҳати ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои корҳо дар самти коркарди металлпораҳо ва дигар партовҳо (чӯб, пластик, коғаз, резина ва ғайра). 📍 Ҷойи кор: вилояти Москва, шаҳри Лобня, кӯчаи Индустриальная, хонаи 9. Вазифаҳои пешниҳодшаванда: 👷♂️ Сортировщик (ҷудокунандаи мавод) ♻️ Переработчик (коркарди мавод) 🚛 Ронандаи борбардор (погрузчик) 🛠️ Мутахассиси соҳавӣ бо маълумоти техникӣ Шароити кор: ✅ Музди меҳнат: аз 70 000 то 80 000 рубл ✅ Ҷойи хоб таъмин карда мешавад ✅ Сабти муҳоҷират дар ҷойи зист ✅ Харҷи патент — аз ҳисоби корфармо 📞 Барои тамос: Муовини директор — Коломин Василий Анатольевич 📱 +7 933 899 97 79 (тамос мустақим) 👉 Агар худатон ё дӯсту шиносони Шумо дар ҷустуҷӯи кори устувор ҳастанд — ин як имконияти хуб аст! Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
Posted May 27
Қонунигардонии будубош дар қаламрави Федератсияи Россия идома дорад.