Post content
Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!!! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки бо дар назардошти ҷашни идҳо Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ “Сахарово” 1 ва 9 майи соли 2025 қабули муҳоҷирони меҳнатиро барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) ва дигар намуди хизматрасониҳо ба роҳ намемонад. Тибқи иттилои дарёфтӣ шуъбаҳои Корхонаи воҳиди давлатии федералӣ “ХШР” Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар вилоятҳо ва шаҳрҳои Федератсияи Россия қабули шаҳрвандонро бо дар назардошти рӯзҳои ид 1 ва 9 май рӯзи истироҳатӣ эълон намудаанд. Иттилоъ дода мешавад, ки қабули шаҳрвандон дар Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ “Сахарово” дар дигар рӯзҳои даҳаи аввали моҳи май тибқи тартиби муқараргардида фаъолият менамоянд. Ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки шуъбаҳои ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия танҳо 3 ва 10 майи соли 2025 қабули шаҳрвандонро бо дар назардошти рӯзҳои ид ба роҳ мондаанд. Шаҳрвандон дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ метавонанд ба масъулини Намояндагӣ муроҷиат намоянд.