TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #297

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views150Post view count
PostedMay 105/01/2025, 09:05 AM
Post content

Post content

Ҳамдиёрони азиз! Аз номи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Шуморобахшида ба Иди баҳору меҳнат ва Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон табрик намуда, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар кору зиндагии ҳамарӯзаатон комёбиҳо орзу менамоем. Ин иди умумиҷаҳонӣ на танҳо санаи 1 май дар айёми зебои сол ҷашн гирифта мешавад, балки гузашта аз ин, таҷассуми олитарин арзишҳои инсонист, ки меҳнаткашони тамоми ҷаҳонро новобаста аз миллату халқият ва наҷод ба дӯстиву рафоқат ҳидоят менамояд. Воқеан, меҳнатро шарафи инсонӣ мешуморанд ва меҳнати поквиҷдонона дар ҳамаи давру замон ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ қадр дорад ва дар баробари он подоши арзандаро молик аст. Аз ин рӯ ҷашн гирифтани Рӯзи якдилии меҳнаткашон ин арҷгузорӣ ба заҳмату кӯшишҳои инсони заҳматкаш мебошад, ки то бо рӯҳияи болидаву табъи хуш меҳнат кардан ҳамеша ҳамрадифи зиндагониаш бошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Бузургтарин сарвати Тоҷикистон халқи меҳнатдӯст, мардуми ҷӯяндаву бунёдкор ва бофарҳангу соҳибтадбири мо мебошад». Бо умеди комёбиҳои нав ба нав, садоқатмандии мардумон ва ободии рӯзгор бори дигар кули ҳамватанонро бо фарорасии ин иди фархунда табрик гуфта, бароятон тансиҳативу бахту иқболи нек ва сулҳу осоиш орзу менамоям. Иди баҳору меҳнат ва Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон муборак бошад! ************ От имени Представительства Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции поздравляем Вас с Международным Днём солидарности трудящихся! Этот международный праздник отмечается 1 мая не только в самый прекрасный день в году, но и является воплощением высших человеческих ценностей, которые направляют трудящихся всего мира, независимо от национальности, этнической принадлежности или расы, к дружбе и товариществу. Весна и Труд дают новые силы и объединяют разные поколения. Этот праздник по-прежнему олицетворяет солидарность трудящихся, символизирует единство и сплочённость всех созидательных сил, объединённых общим стремлением к миру, стабильности, благополучию, счастью и устойчивому развитию страны. Желаем Вам мирного труда, крепкого здоровья, благополучия в каждом доме и доброго весеннего настроения.