Post content
ДАР ВНУКОВО ҶОРӢ ШУДАНИ НУҚТАИ ҚАБУЛИ МАЪЛУМОТИ БИОМЕТРӢ Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки аз 1 майи соли 2025 таҷрибаи гирифтани маълумоти биометрӣ (изи ангуш ва аксбардорӣ) аз шаҳрвандони хориҷӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково ба номи А.Н. Туполева роҳандозӣ карда шудааст. Талаботи мазкур тибқи меъёрҳои қонунгузории Федератсияи Россияи роҳандозӣ карда шуда, бо мақсади назарат дар самти таъмини амнияти бехатарии Федератсияи Россия нигаронида шуда, қаблан супоридани маълумоти биометрӣ дар дигар фурудгоҳҳои шаҳри Москва ва гузаргоҳи сарҳадии “Маштаково”-и вилояти Оренбург ҷорӣ гардида буд. Тибқи иттилои мақомотҳои марбутаи кишвари иқомат аз моҳи декабри соли 2024 зиёда аз 2,7 миллион нафар шаҳрванди хориҷӣ маълумоти биометрӣ дар сарҳади давлатии Федератсияи Россия супоридаанд.