Post content
БА ТАВАҶҶӮҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!!! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумотҳои омории Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия бо дар дар назардошти пешниҳод накардани маълумотнома дар бораи фаъолияти меҳнатӣ аз аввали соли 2025 то инҷониб 21,5 ҳазор иҷозатномаҳои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ (патент) дар Федератсияи Россия бекор карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 ҳолати мазкур се маротиба афзоиш ёфтааст. Иттилоъ медиҳем, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд. Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад, ки талаботи қонунгузории Федератсияи Россияро дар ин самт риоя намуда, огоҳинома оид ба шартномаи меҳнатӣ бо корфарморо саривақт ба мақомоти дахлдори давлатӣ манзур намоед. Намояндагӣ шаҳрвандонро хотирасон менамояд, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо ва пеш омадани мушкилот дар ин самт метавонанд ба рақами боварии Намояндагӣ +7(495)967-98-44дар тамос шаванд.