TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #365

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views321Post view count
PostedJun 1006/10/2025, 09:14 AM
Post content

Post content

Ҳамватанони муҳтарам! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти шумо мерасонад, ки дар Минтақаи иқтисодии махсуси саноатии «Алабуга», воқеъ дар Ҷумҳурии Тотористон, имкониятҳои васеъ барои шуғли расмӣ, рушди касбӣ ва таълими муосир мавҷуд мебошанд. Минтақаи иқтисодии махсуси саноатӣ «Алабуга» яке аз калонтарин паркҳои индустриалӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад, ки дар он даҳҳо корхонаҳои муосири истеҳсолӣ бо иштироки сармояи хориҷӣ фаъолият доранд. Бо назардошти рушди иқтидори саноатӣ ва васеъшавии иқтидорҳои истеҳсолӣ, «Алабуга» фаъолона ҷалби қувваи кории хориҷиро, аз ҷумла аз кишварҳои ИДМ ва Тоҷикистон, амалӣ мекунад. Шароити кор ва имкониятҳои шуғл: •Бақайдгирии расмии меҳнатӣ бо бастани шартномаи меҳнатӣ тибқи қонунгузории Федератсияи Россия; •Таъмини манзили зист (хобгоҳ ё манзили иҷора) аз ҷониби корфармо; •Таъминоти ғизо ё ҷубронпулӣ барои хароҷоти хӯрок (вобаста ба корхона); •Музди меҳнати шоиста (Аз 100 то 300 ҳазор рубл) бо имконияти пешравӣ дар кор; •Суғуртаи тиббӣ ва муоинаи мунтазами тиббӣ; •Кумак дар барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо (патент, иҷозати кор ва ғайра). Имкониятҳои пешравӣ ва рушди касбӣ: Корфармоёни «Алабуга» ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва нигоҳ доштани онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд. Барои кормандон пешниҳод мегардад: •Омӯзиш дар ҷараёни кор, таҷрибаомӯзӣ ва курсҳои такмили ихтисос; •Имконияти пешбарӣ ба вазифаҳои техникӣ ва роҳбарӣ дар асоси натиҷаи фаъолияти хуб; •Қарордодҳои дарозмуддат барои кормандони арзанда. Имкониятҳои таҳсил: Бо дастгирии маъмурияти минтақа дар ҳудуди «Алабуга» маркази таълимии Alabuga Polytech фаъолият мекунад, ки дар он пешниҳод мешавад: •Курсҳои кутоҳмуддат ва дарозмуддати омодагӣ ва бозомӯзии касбӣ дар соҳаҳои серталаб (мехатроника, автоматика, кафшергарӣ, логистика ва ғайра); •Омӯзиш бо усули омезишёфта (таълим ва таҷриба дар корхона); •Имконияти ба даст овардани дипломи намунаи русӣ; •Дастгирии ҷавонон ва таълим бо кафолати ҷойи корӣ. Тамос барои имкониятҳои таҳсилотӣ: +7 (986) 913 55 99 Тамос барои имкониятҳои корӣ: +7 (917) 266 38 96