Post content
Мувофиқи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия, парвариши ғайриқонунии растаниҳои нашъаовар ё психотропӣ бо ҳаҷми зиёд бо ҷазои то 8 сол маҳрум сохтан аз озодӣ таҳти таъқиб қарор мегирад. Ҳамчунин, барои парвариши миқдори ками ин растаниҳо ҷазои маъмурӣ дар назар дошта шудааст — ҷарима ё ҳабси маъмурӣ. Намояндагӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, тавсия медиҳад, ки аз парвариш ва истифодаи ҳама гуна растаниҳое, ки метавонанд зери манъи қонунгузорӣ бошанд, худдорӣ намоянд, то аз оқибатҳои ҳуқуқӣ эмин монанд. Ҳамзамон, тавсия дода мешавад, ки пеш аз шинондани ҳар гуна растании дорои хусусиятҳои ғайриодӣ, ба манбаъҳои расмии иттилоотӣ (портали расмии Ҳукумати Россия, «КонсультантПлюс», Вебсайти Вазорати корҳои дохилӣ ва ғайра) муроҷиат намоянд. Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ш. Москва «24» июни соли 2025