TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #492

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views180Post view count
PostedSep 2309/23/2025, 08:07 AM
Post content

Post content

Сафари кории масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Урал ба вилояти Курган Рӯзҳои 18–19 сентябр масъули Намояндагӣ дар ҳайати гурӯҳи намояндагони муассисаҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҳавзаи федералии Урал фаъолият менамоянд, бо сафари корӣ ба вилояти Курган иштирок намуд. Дар ҷараёни сафар вохӯриҳо бо роҳбарияти вилояти Курган, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва доираҳои соҳибкорӣ баргузор гардиданд. Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, густариши робитаҳо дар бахшҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, инчунин ҳамкориҳои фарҳангиву башардӯстона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон ба масъалаҳои марбут ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, беҳсозии шароити иқомат ва фаъолияти меҳнатии онҳо дар минтақа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ин сафар барои таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкории созанда ва муколамаи амалии дипломатӣ миёни намояндагони муассисаҳои дипломатии хориҷӣ ва роҳбарияти вилояти Курган заминаи мусоид фароҳам овард.