TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #493

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views203Post view count
PostedSep 2309/23/2025, 08:09 AM
Post content

Post content

Вохӯрӣ бо роҳбарияти Маркази тиҷоратӣ ва фуруши маҳсулоти кишоварзӣ "Теплый стан" 22 сентябри соли 2025 масъулини Намояндагӣ бо роҳбарияти Маркази тиҷоратӣ ва фуруши маҳсулоти кишоварзӣ "Теплый стан"-и шаҳри Москва вохӯрии корӣ баргузор намуданд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо масъалаҳои марбут ба ҷойгиркунии шаҳрвандон ба ҷойи кор дар ҳудуди бозор, инчунин таъмини риояи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардиданд. Роҳбарияти бозор аз Намояндагӣ барои таваҷҷуҳи зоҳиргардида изҳори сипос намуда, омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъдаи самаранок таъкид кард. Хусусан, аҳамияти ҳамкории муштарак дар самти баргузории чорабиниҳои профилактикӣ дар ҳудуди бозор таъкид шуд, ки ҳадафи онҳо огоҳ намудани шаҳрвандон дар бораи навгониҳои қонунгузорӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳими вобаста ба ҳуқуқу уҳдадориҳои муҳоҷирон мебошад.