TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #498

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views160Post view count
PostedOct 310/03/2025, 08:17 AM
Post content

Post content

Паёми табрикотӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик мегӯяд! Забони тоҷикӣ, ки бо таърихи ғанӣ, решаҳои устувор ва мақоми баланди фарҳангӣ дар дунё маъруф аст, василаи муқаддаси ваҳдат, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллии мост. Ҳар калимаи он ҷилои маънавияти аҷдодӣ дошта, миллатро бо гузашта, имрӯз ва оянда мепайвандад. Имрӯз, ки ҳазорон ҳамватанони мо берун аз Ватан, аз ҷумла дар Федератсияи Россия, фаъолият доранд, забони модарӣ ба унвони пойдевори ҳувият ва гарданиёни фарҳангӣ аҳамияти хоса пайдо мекунад. Нигоҳдории он на танҳо масъулияти шахсӣ, балки қарзи виҷдонӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Бо истифода аз ин фурсати муборак, мо аз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ даъват мекунем, ки ба арҷгузорӣ ва ҳифзи забони модарӣ ҳамеша содиқ бошанд, онро омӯзанд, риоя намоянд ва ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ ба наслҳои оянда расонанд. Бигзор партави маънавии забони тоҷикӣ ҳамеша роҳи зиндагии моро равшан созад ва ба ваҳдату пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намояд. Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз! Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират