Post content
28 октябри соли ҷорӣ масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федаралии Сибир ҳамроҳ бо роҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Ангарск ба муассисаи давлатии “Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ” дар вилояти Иркутск, воқеъ дар шаҳри Ангарск, ташриф овард. Ҳадафи ин сафар аз наздик шинос шудан бо шароити будубоши шаҳрвандон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамчунин мусоидат ба ҳалли мушкилоти иҷтимоиву ҳуқуқии онҳо ва таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ бо масъулони муассиса аст. Пиромуни сафар масъули Намояндагӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин марказ нигоҳдорӣ мешаванд, суҳбат намуд. Айни ҳол дар марказ 130 нафар шаҳрванди хориҷӣ қарор доранд, ки аз ин шумора 18 нафарашон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Яке аз онҳо баъди адои ҷазо аз муассисаи ислоҳӣ озод шуда, 17 нафари дигар дар давоми ҳафтаи охир бинобар надоштани ҳуҷҷатҳои будубоши қонунӣ, дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои гуногуни вилояти Иркутск боздошт гардидаанд. Бо иқдоми башардӯстонаи соҳибкорони саховатманди шаҳри Ангарск барои ҳамаи шахсони дар муассиса қарордошта ғизои гарм омода гардид. Ин амал ҳамчун намунаи ҳамдардӣ, эҳсонкориву дастгирӣ ва руҳбаландии ҳамватанон дар шароити душвор арзёбӣ гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъули Намояндагӣ бо муҳоҷирон сӯҳбатҳои озоду самимӣ анҷом дода, ба саволҳои онҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, тартиби баргашт ба Ватан ҷавобҳои муфассал дод. Ҳамзамон шароити зист, таъом, хизматрасонӣ ва нигоҳдории шаҳрвандон аз наздик мавриди шиносоӣ ва арзёбӣ қарор гирифт. Масъули Намояндагӣ изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони худ дар хориҷ аз кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Барои ин дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти марбутаи Русия ва бо дастгирии ҷамъиятҳои тоҷикон, пайваста чорабиниҳо ва вохӯриҳои иттилоотиву муфид баргузор мегарданд. Дар анҷоми вохӯрӣ масъулони марказ барои ҳамкорӣ ва дастгирии ҷониби Намояндагӣ изҳори сипос намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд баён карданд.