Post content
*Паёми табрикотӣ бахшида ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон* Ҳамватанони азиз! Шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи муқаддаси давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳокимияти соҳибихтиёрии кишвар сидқан табрик менамоем. Парчами давлатӣ таҷассумгари роҳи таърихӣ ва арзишҳои маънавии халқи тоҷик буда, талош барои сулҳ, созандагӣ ва таҳкими давлати мустақил инъикос менамояд. Ин ҷашни бошукуҳ моро ба масъулияти баланд дар назди Ватан, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва садоқат ба идеалҳои истиқлолият ҳидоят месозад. Бо раҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисод, ҳифз ва густариши мероси фарҳангӣ, инчунин болоравии мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба марҳалаи нав ва босуръат ворид гардид. Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати ҷомеа, пойдории сулҳ, субот ва боло бурдани худшиносии миллӣ заминаи устувори пешрафти минбаъдаи кишвар мебошад. Бигзор ин рӯзи пуршукӯҳ ба ҳар яки мо нерӯи тоза бахшад, эҳсоси ифтихори миллӣ ва масъулиятшиносиро тақвият диҳад ва ҳамаи тоҷикони ҷаҳонро дар роҳи рушду пешрафти Ватани азизамон муттаҳид намояд. Бо таманниёти сулҳу амният, хушбахтӣ ва муваффақият ба ҳар яки шумо. Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират