Post content
Санаи 23 ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тотористон, масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Приволжие ба шаҳри Чистопол ташриф овард. Дар ҷараёни сафар бо роҳбари Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Чистопол ва муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон мулоқот доир гардид. Дар мулоқот масъалаҳои риояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳамияти саривақт ба тартиб даровардани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ (бақайдгирӣ, патент, шартномаи меҳнатӣ) барои будубоши қонунӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия муфассал баррасӣ гардид. Дар қисмати дуюми мулоқот масъули Намояндагӣ қатъиян таъкид намуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бояд нисбат ба ташкилотҳои шубҳанок ва шахсони сеюм, ки метавонанд онҳоро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ё гурӯҳҳои ҷиноӣ ҷалб намоянд, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд. Дар охир масъули Намояндагӣ ба ҳамаи саволҳои матраҳшуда посух дод ва аз иштирокчиён барои фаъол буданашон изҳори миннатдорӣ баён кард.