Post content
ВОХӮРИИ СУДМАНД БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА 13 феврали соли 2025 вохӯрии масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаи сохтмонии ҶДММ “КМ ГРУПП” доир гардид. Зимни вохӯрӣ масъулини Намояндагӣ оид ба шарҳи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 вобаста ба қонунигардонии вазъи будубош, тағйиротҳои қонунгузории кишвари иқомат, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – ифротгароӣ ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ суханронӣ намуда, даъват ба амал оварда шуд, ки дар кишвари иқомат талаботи қонунгузориро риоя намуда, расман кору фаъолият намоянд. Инчунин даъват ба амал оварда шуд, ки ҳангоми оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, нусхаи онро дар худ нигоҳ доранд. Ҳамзамон, дар идомаи вохӯрӣ шаҳрвандон вобаста ба тағийрёбии қонунгузории кишвари иқомат ва мушкилоти хеш саволҳо дода шуда, ба онҳо аз ҷониби кормандони Намояндагӣ ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.