TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #84

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views172Post view count
PostedFeb 1302/13/2025, 02:56 PM
Post content

Post content

Омодагии намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа барои баргузории интихоботи парлумонӣ баррасӣ шуд 12 феврал бо мақсади омодагӣ ба баргузории интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти видеоии роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ баргузор гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни нишаст масъалаҳои тадорукотии марбут ба омодагӣ барои ташкил ва баргузории интихоботи парлумонӣ дар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардида, аҳамияти муҳимми ин маъракаи сиёсӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани он ба таври хосса таъкид карда шуд. Бояд гуфт, ки бо мақсади мусоидат ба татбиқи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони мамлакат бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар хориҷи мамлакат дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.