TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #86

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views154Post view count
PostedFeb 1402/14/2025, 01:33 PM
Post content

Post content

ИНТИХОБОТ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ҶОМЕА Яке аз дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Муҳимтарин падидаҳое, ки дар Конститутсия ҳамчун асосҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ инъикос ёфтаанд, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани давлат ба шумор меравад. Дар ҳамин ҳол, тибқи муқаррароти конститутсионӣ дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бавоситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Тавре, ки натиҷаи омӯзиши сарчашмаҳои муътамади таърихӣ, таҳлили адабиёти махсуси таълимӣ ва рисолаҳои арзишманди илмӣ шаҳодат медиҳанд, интихобот яке аз қадимтарин падидаҳои ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир низ интихобот яке аз унсурҳои ҷудонопазири ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосӣ ва муҳимтарини интихобот аз қонунӣ гардонидани ҳокимияти мавҷуда иборат мебошад. Бо роҳи гузаронидани интихобот мардум намояндагони худро барои иҷрои вазифа ва мансабҳои муайяни давлатӣ интихоб менамоянд. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. http://tajmigration.ru/news/2307-intihobot-va-na1178shi-on-dar-rushdi-1206omea.html