Post content
ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ СОКИНОН-ҲАДАФИ ОЛИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун рукни муҳим ва яке аз анъанаҳои давлатдории миллӣ дар марҳилаи навтарин мавриди қабул қарор гирифтааст. Баргузории он ҳамеша боиси таваҷҷуҳи сокинони мамлакат, мақомоти давлатию идорӣ, аҳли илму маориф ва фарҳанг мебошад. Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар ҷомеаи мамлакат ҳамеша чун ҷамъбасти дастовардҳо, корҳои ба анҷом расида дар соли пешин ва дастуру раҳнамоиҳо барои соли нав ва ё марҳилаи навбатии рушди давлати соҳибистиқлол қабул карда мешавад. -Сокинони мамлакат Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро, ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, зиёд мунтазир буданд ва баргузории онро бо руҳбаландию иродатмандии хуб пешвоз гирифтанд. Фараҳбахш боз он аст, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Парлумон, ки бо ҳунари волои меъморӣ дар муддати кӯтоҳ бунёд ёфта, ба симои пойтахти давлати тоҷикон шаҳомати нав эҳдо намуд, баргузор шуд.http://tajmigration.ru/news/2308-zindagii-shoistai-sokinon-1202adafi-olii-davlat-va-1202ukumati-to1206ikiston.html