TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #90

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views159Post view count
PostedFeb 1702/17/2025, 08:41 AM
Post content

Post content

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР «Мо терроризмро дар ҳама шаклҳои зуҳураш маҳкум менамоем ва зарур мешуморем,ки тамоми қувваҳои солими ҷаҳонро баҳри барҳам додани ин хатар дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дараҷаи миллӣ сафарбар намоем». Эмомалӣ Раҳмон. Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба мушкилоти рӯзмарра табдил ёфтааст ва ба сулҳу суботи ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз, 16 ноябри соли 1999 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди Терроризм» имзо гардид. Мақсади асосии ин қонун аз он иборат аст, ки тадбиқ ва пурзӯрнамоии сиёсати давлатӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва ҳуқуқу муносибатҳо танзим карда шавад. Дар айни замон фаъолияти созмонҳо, гурўҳҳои террористӣ васеъ шуда истодааст, ки ин хатари ҷиддии рӯзмарра мебошад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар яке аз суханронии хеш қайд намуда буданд: «Терроризм ва эксремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли онҳо гувоҳ аст, ки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра ҳаст». Таҳқиқи падидаи экстремизм ва махсусан терроризм бисёр мушкил аст, вале маълум аст,ки терроризм ва экстремизм ин як зуҳуроти манфии умумӣ, моҷароҷўӣ, зуроварӣ ва хушунат аст. Маъмулан террор ва иҷрокунандагони амали террористӣ эътироф мекунанд, ки террор ин зуроварӣ (ба фикри онҳо зуроварӣ ин ба даст овардани ҳақу ҳуқуқ) аст. http://tajmigration.ru/news/2320-terrorizm-va-ekstremizm-padida1202oi-nomatlub-dar-1206omeai-muosir.html