Съдържание
📚Тақрибан 90 фоизи муҳоҷирони меҳнатӣ дар семоҳаи IV-уми соли 2025 имтиҳони забони русиро бомуваффақият супориданд Аз моҳи октябр то декабри соли 2025 201 675 нафар аз забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия имтиҳон супориданд. Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Русия: 🔹 87,9 % имтиҳонро бомуваффақият супориданд; 🔹 35,5 % дар кӯшиши аввал аз супоришҳо гузашта натавонистанд. Имтиҳон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст: — патенти корӣ; — иҷозат барои истиқомати муваққатӣ (РВП); — иҷозатнома барои иқомат (ВНЖ). 📍 Супоридани имтиҳон дар 203 нуқта, аз ҷумла дар 88 донишгоҳи Русия ташкил карда шудааст. Тестсупорӣ дар тамоми минтақаҳои Русия, инчунин дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузаронида мешавад. Системаи имтиҳонсупорӣ ҳамчун воситаи асосии тасдиқи сатҳи донистани забони русӣ ва асосҳои қонунгузорӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки нияти кор ва иқоматро дар Федератсияи Русия доранд, боқӣ мемонад.