TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Back to channels
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 avatar

TGINSIGHT CHAT

Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯

@mewrtj

News and media

🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel

Subscribers446Current channel subscribers
Tracked posts1,005Indexed post count
Recent reach1,778Sum of recent post views
Recent posts

Recent posts

Page 1 of 84 · 1,005 posts

Posted 28 days ago

Имрӯз Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ба ҳайси меҳмони фахрӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд. Маросими идона дар меҳмонхонаи Crowne Plaza Dushanbe баргузор гардид. ✅@mewrtj

88 views

Posted May 4

БАРҚТАЪМИНКУНӢ ДАР МИНТАҚАҲОИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДАИ ШАҲРИ КӮЛОБ ПУРРА БАРҚАРОР ГАРДИД Дар натиҷаи офати табиӣ, ки шаби 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ пайваст, дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои шиддати паст низ зарар расонд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, сохторҳои энергетикии минтақаи Кӯлоб фавран ба корҳои барқарорсозӣ сафарбар карда шуданд. Мутахассисону кормандони соҳа бо истифода аз тамоми имкониятҳои техникӣ ва захираҳои мавҷуда, шабонарӯзӣ фаъолият бурда, хатҳои зарардидаро таъмиру барқарор намуданд. Айни замон, барқтаъминкунӣ дар ҳамаи минтақаҳои осебдидаи шаҳри Кӯлоб пурра барқарор гардида, аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо бо неруи барқ таъмин мебошанд. ✅@mewrtj

158 views

Posted May 2

Дар пайи рух додани офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаи мазкур мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд. Зимни ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки тамоми сохторҳои дахлдор бояд корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табииро ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Ба иттилои масъулон, бар асари офати табиӣ тахминан 850 оила зарар дидааст. Дар ин замина, таъмини оилаҳои зарардида бо маводи аввалияи хӯрока ва ниёзи рӯзмарра яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки дар наздиктарин фурсат кумакҳои яквақтаинаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои осебдида расонида мешаванд, зеро вазъ таҳти назорати бевоситаи Роҳбари давлат қарор дорад.

210 views

Posted May 2

ОҚИБАТҲОИ СЕЛ ДАР КӮЛОБ БАРТАРАФ ГАРДИДА ИСТОДААНД ‎ ‎Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳое, ки наздикони худро дар натиҷаи офати табиӣ — омадани сел дар шаҳри Кӯлоб аз даст додаанд, изҳори ҳамдардии амиқ баён менамояд. ‎ ‎Қобили зикр аст, ки ин офати табиӣ дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои шиддати паст зарар расонд. ‎ Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шариф Маҳмадзода ба минтақаи зарардида сафарбар гардид. ‎ ‎Айни замон, аз ҷониби сохторҳои энергетикии минтақаи Кӯлоб корҳои барқарорсозӣ бо суръат идома дошта, аксари нуқсонҳои ба вуҷудомада бартараф карда шудаанд. ‎ ‎Мутахассисон барои ҳарчи зудтар ба ҳолати муқаррарӣ баргардонидани таъминоти неруи барқ чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд. ‎ ‎✅@mewrtj

174 views

Posted May 2

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб Май 2, 2026

145 views

Posted May 2

Шаби гузашта дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан, дар шаҳри Кӯлоб боришоти зиёди борон ва омадани сел рух дод, ки дар натиҷаи он дар шаҳри Кӯлоб 3 кас ба ҳалокат расида, 3 тани дигар дар беморхона бистарӣ карда шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои шахсони фавтида изҳори ҳамдардӣ карда, ба Сарвазири мамлакат, Раиси вилояти Хатлон ва Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дастур доданд, ки фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, барои расонидани кумак ба оилаҳои зарардида ва ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube]

106 views

Posted May 1

🇹🇯🇨🇭1-уми майи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳайати Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масоили иқтисодӣ (SECO) ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC)-ро таҳти роҳбарии Петро Лаззери ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария дар бахшҳои энергетика ва захираҳои об мавриди баррасии қарор гирифт. Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоягузорӣ ба рушди инфрасохтори энергетикӣ, инчунин истифодаи самараноки захираҳои обӣ равона гардид. Муфассал Подробнее ✅@merwtj

149 views

Posted May 1

1-уми майи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор зери роҳбарии Мэтю Гертнер вохӯрӣ намуд. Зимни муколама ҷонибҳо вобаста ба раванди ислоҳоти соҳаи энергетикаи кишвар, роҳҳои беҳтар намудани вазъи молиявии корхонаҳои энергетикӣ, ҷалби сармоя, бунёди иқтидорҳои нав аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва воридоти маҳсулоти нафтӣ табодули афкор намуданд. Муфассал Подробнее ✅@mewrtj

147 views

Posted May 1

🇹🇯🇩🇪1-уми майи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа муовини вазири иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетикаи Баварияи Ҷумҳурии Федеративии Олмон Тобиас Готтҳардтро ба ҳузур пазируфт. Дар рафти суҳбат ҳолати кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вазири энергетика ва захираҳои об доир ба иқтидорҳои гидроэнергетикӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия маълумоти муфассал манзур намуд. Мусоҳибон, инчунин масъалаҳои ҷалби сармоя, татбиқи технологияҳои муосир, рақамикунонии соҳаи энергетика ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои обро муҳокима намуданд. Омодагии ҷониби олмонӣ барои тақвияти ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва ҷалби ширкатҳои пешрафтаи олмонӣ ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об изҳор гардид. Муфассал Подробнее ✅@mewrtj

143 views

Posted Apr 30

‎30-юми апрели соли 2026, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон бо ҳолати сарбанди иншооти обгирии Деҳқонобод, ки дар дарёи Панҷ ҷойгир аст, шинос шуд. ‎ ‎Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки сарбанди мазкур соли 1949 бунёд гардида, дар марҳилаи аввал аз се дарвозаи обгирӣ иборат буд. Бо назардошти афзоиши талабот ба обёрии заминҳои кишоварзӣ, соли 1972 иншоот таҷдид шуда, ду дарвозаи иловагӣ ба истифода дода шудааст. ‎ ‎Айни ҳол иншоот дорои имконияти танзим ва гузаронидани то 120 метри мукааб об дар як сония буда, дар таъмини обёрии 40 419 гектар заминҳои кишоварзии ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва қисман ноҳияи Восеъ нақши калидӣ мебозад. ‎ ‎Вазири энергетика ва захираҳои об зимни боздид таъкид намуд, ки нигоҳдории дуруст ва таҷдиди саривақтии чунин иншооти муҳими гидротехникӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва истифодаи самараноки захираҳои об аҳамияти хоса дорад. ‎ ‎✅@mewrtj

160 views

Posted Apr 30

30-юми апрели соли 2026, Левакант. – Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз саргаҳҳои каналҳои магистралии Вахш ва Шӯробод, инчунин иншооти обпарто боздид ба амал овард. ‎ ‎Зимни шиносоӣ бо вазъи иншоотҳо иттилоъ дода шуд, ки канали магистралии Вахш, ки дорои аҳамияти калони обёрӣ ва энергетикӣ мебошад, соли 1964 мавриди истифода қарор гирифтааст. ‎ ‎Тавассути ин канал беш аз 99 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун бо об таъмин гардида, ҳамзамон фаъолияти мунтазами неругоҳҳои «Шаршара» ва «Марказӣ» таъмин карда мешавад. ‎ ‎Бо дарназардошти фаъолияти тӯлонӣ ва фарсуда гардидани таҷҳизоти гидротехникӣ, аз соли 2025 иншоотҳои мазкур ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд. ‎ ‎Корҳои таҷдид дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон» аз ҷониби Маркази идоракунии лоиҳа оид ба идоракунии захираҳои обии водии Фарғона амалӣ карда мешаванд. ‎ ‎✅@mewrtj

152 views

Posted Apr 30

📸Суратгузориш аз ҷараёниКонфронси 3-юми байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Саноатикунонии рақамӣ ва рушди энергетика аз нигоҳи олимону муҳаққиқон» ✅@mewrtj

146 views
123•••5•••10•••15•••20•••25•••30•••35•••40•••45•••50•••55•••60•••65•••70•••75•••80•••8384
PreviousPage 1 of 84Next