TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Azizjon Azimi
Azizjon Azimi avatar

TGINSIGHT POST

Post #5476

@aateam7

Azizjon Azimi

Viżjonijiet217Għadd ta' viżjonijiet
Ippubblikat21 ġurnata ilu24/05/2026 15:54
Kontenut

Kontenut tal-post

Имрӯз дар оромгоҳи Лучоб мо аз номи Шӯрои зеҳни сунъӣ бар маҳалли дафни Қаҳрамонони Тоҷикистон 🇹🇯 Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум ва инчунин арбоби барҷастаи давлатӣ Нисор Муҳаммад гул гузоштем. Бо ташаббуси Пешвои миллат, чанде пеш хоки турбати онҳо аз гӯрҳои дастаҷамъии Маскав ба Ватан баргардонида шуд. Мо инчунин аз мазори Қаҳрамонони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров ва шоир Мирзо Турсунзода, ҳамроҳ бо дигар шахсиятҳои таърихии миллатамон зиёрат кардем. Агар аз нигоҳи фарзияи зидди воқеӣ андеша кунем: —Агар Шириншо Шотемур намебуд, округи Хуҷанд дар таркиби Тоҷикистон намешуд. —Агар Нусратулло Махсум намебуд, Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати соҳибихтиёр вуҷуд намедошт. —Агар Нисор Муҳаммад намебуд, низоми мактаби тоҷикӣ бо китобҳои дарсии тоҷикӣ дар замони бунёди ҷумҳурӣ шакл намегирифт. Ин Қаҳрамонони миллат пояҳои Тоҷикистони муосиру соҳибистиқлолро гузоштанд. Ин исботи марказии он аст, ки миллати мо марзу буми минтақавӣ ва этникӣ надорад — ин миллатест, ки сарфи назар аз ҳама мушкилотҳо, зери як боми ояндаи муштарак шакл гирифтааст. Маҳз ҳамин моро ҳамчун як давлат муттаҳид мекунад — на он ки мо аз куҷоем, балки он ки ба куҷо меравем — якҷоя. Ҷаноби Олӣ давлатдории тоҷиконро аз он таҳкурсии соҳибихтиёрие, ки Шотемур, Махсум ва Муҳаммад сохта буданд, бино карданд — бори аввал дар ҳазор соли сипарӣ аз давлати Сомониён. Ҳадафи мо ҳоло ин аст, ки ин сарзамини аҷдодиамон ба майдони ҷаҳиши илмӣ дар асри зеҳни сунъӣ табдил ёбад ! Ба пеш ! 🇹🇯