Содержимое
ФИКРИ БИКР (17) Марди порсое аз деҳи ҳамсояи мо, ки ҳанӯз ба 70 нарасида буд, бидуни онки шикояте аз бад шудани саломатиаш дошта бошад, ҷон ба ҷонофарин супурд. Касе ки ба қавле "мурчаро озор намедод". Бедард ва ором рафт... Инсонҳо ё онҳое ки сураташон инсониасту вуҷудашон шайтонӣ дар рӯйи олам зиёданд. Заҳҳоксифатоне ки дасташон ба хуни ҳазорон нафар оғушта аст, раҳме ба ҳеч аҳаде надоранд; кӯдаккуш ва кӯдакозор; ҷангхоҳу ҷангандоз... Ҳар лаҳзаи зиндагиашон зиён барои башарият аст. Баъзан фикр мекунӣ, ки агар онҳо бимиранд, шояд ҷаҳон каме оромтар ва поктар мешавад, "хас каму ҷаҳон пок"... Аммо чунинҳо маъмулан умри тӯлонӣ мебинанд. Бо ин вуҷуд, ба ин боварем, ки "дар ҳар кор хайре ҳаст". Имон дорем, ки ҳар кас ба аъмолаш мерасад. Ба қавли маъруф "ончӣ коштӣ, бидравӣ". Худованд Бузург аст! #фикри_бикр