TGTGInsightаналитика telegramLIVE / telegram public index
← ФОНУС (fonews)
ФОНУС (fonews) avatar

TGINSIGHT POST

Post #3022

@fonustj

ФОНУС (fonews)

Просмотры218Количество просмотров
Опубликован8 апр.08.04.2026, 09:35
Содержимое поста

Содержимое

Истиқболи Тоҷикистон аз тавофуқи оташбаси Омрико ва Эрон Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз барқарории оташбаси Эрону Омрико истиқбол кардааст. Дар баёнияи ВКХ умедворӣ шудааст, ки музокироти зарфи рӯзҳои ояндаи тарафҳои даргир ба сулҳе пойдор ва фарогир дар минтақа мунҷар шавад. Тоҷикистон мегӯяд, ки итминон дорад ин даргирӣ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъияти аз пеш печидаи Ховари Миёнаро вахим мекунад ва ба ҳама кишварҳои минтақа хисороти азиме ворид хоҳад кард. Тоҷикистон бори дигар аз кишварҳои даргир хостааст, ки аз эъмоли зӯр даст бардоранд ва бо пойбандӣ ба усули бунёдии ҳуқуқи байналмилал ва маншури Созмони Милали Муттаҳид аз шеваҳои сиёсӣ ва дипломутик истифода кунанд. #фонус #хабар —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред:@fonustj