TGTGInsightаналитика telegramLIVE / telegram public index
← ФОНУС (fonews)
ФОНУС (fonews) avatar

TGINSIGHT POST

Post #3032

@fonustj

ФОНУС (fonews)

Просмотры212Количество просмотров
Опубликован10 апр.10.04.2026, 07:10
Содержимое поста

Содержимое

ФИКРИ БИКР (18) ...ин орзӯ мебарад ба гӯр Ризо Паҳлавӣ, ки худро "роҳбари даврони гузор" мехонад, чандин бор ба қавли худаш фарохон дод. Мардумро ба қиёму эътирозҳо алайҳи давлати исломӣ даъват мекарду мекунад. Ҳар бор таъкид мекунад, ки то расидан ба пирӯзӣ ками дигар мондааст. Бо ваъдаи"кумак дар роҳ аст", мардумро ба хиёбонҳо кашонд. Натиҷа ин шуд, ки даҳҳо нафар кушта шуданд. Аз ҳамлаи Амрико-Исроил ба хоки Эрон хушҳолӣ мекард ва эълони оташбас устухоне дар гулӯяш монд. Ва ҳоло дар фарохони дигар, муҳоҷирони муқими Эрон, азҷумла афғонҳоро "террорист" мехонад. Ризо онқадр ба тахти шоҳӣ муҳаббат дорад, ки барои такя задан ба он барои ҳама кор розӣ аст, ҷуз инки дар қатори муътаризон бошад. Розист ки Эрон бомборон шавад, ҳазорон нафар кушта шаванд, зерсохтҳо маҳв шаванд. То инҷо ҳеч нишоне барои расидан ба ин орзӯи ӯ дар ояндаи наздик дида намешавад... мисле ки дар ояндаи дур ҳам. Оқибат шоҳзода шоҳ нашавад) Ё бо каме тағйир: Оқибат шоҳзода шох шавад 📸акс аз саҳфаи Dr. Atiqullah Basiri #фикри_бикр