Содержимое
ДАРСҲО АЗ УСТОД ШАКУРӢ (1) Савод ё хушсаводӣ нишонаи асосии одамият нест. Бисёр дидаем, ки шахсе савод надорад, вале ба дараҷаи баланди одамият расидааст, хислатҳои неки инсонӣ дорад, соҳиби маънавияти ботинист, яъне огоҳона ё бидунӣ огоҳӣ дараҷаи муаяни худшиносии маънавӣ ба ӯ муяассар шудааст. Одами бо фарҳанг он нест, ки танҳо ба зоҳири фарҳанг даст ёфтааст, танҳо либоси гаронбаҳо ва зебо , хонаи пуророиш ва карру фар, бархе аз аломатҳои бернуии маданиятро соҳиб асту бас. Шахси бафарҳанг он аст, ки фарҳанги ботинӣ дорад, ботинан хушхулқ аст, аз аломатҳои зоҳириву моддии фарҳанг гузашта, ба сари фарҳанги маънавӣ омадааст, қобил аст дар сари маънии ҳаёт ва моҳияти ҳастии инсон андеша биронад. 📝Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Аз китоби “ Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ “ Душанбе-2003, саҳ / 83. 📖 Китобхонро дар 📱Telegram📱Instagram📱Facebook📱TikTok📱Вконтакт пайгир бошед