TGTGInsightаналитика telegramLIVE / telegram public index
Содержимое поста
Содержимое
Ҳикояти қатраи борон Қатраи бороне аз абр ба поён мечакид. Вақте паҳнои дарёро дид, хиҷолат кашид ва бо худ гуфт: «Дар ҷое, ки дарё ҳаст, ман кистам? Агар он ҳаст, ман нестам». Чун худро ин қадар кӯчак диду хоксорӣ кард, садафе ӯро дар оғӯш гирифт ва он қатра дар шиками садаф ба марвориди гаронбаҳо табдил ёфт. Баландӣ аз он ёфт, к-ӯ паст шуд, Дари нестӣ куфт, то ҳаст шуд. Аз "Бӯстон"-и Саъдии Шерозӣ