TGTGInsightаналитика telegramLIVE / telegram public index
← ФОНУС (fonews)
ФОНУС (fonews) avatar

TGINSIGHT POST

Post #3063

@fonustj

ФОНУС (fonews)

Просмотры743Количество просмотров
Опубликован20 апр.20.04.2026, 06:05
Содержимое поста

Содержимое

Артур Конан Дойл аз қатор берун шуд. Як ронандаи таксӣ бо шитоб назди ӯ омад, ҷомадонро аз дасташ гирифа ба мошин гузошт ва гуфт: - Шуморо куҷо барам, ҷаноби Конан Дойл? Нависанда бо ҳайрат пурсид, ки ронанда ӯро чӣ тавр шинохт? Ронанда гуфт, ки аз усули Шерлок Холмс истифода кард ва ба ҷузъиёт таваҷҷуҳ намуд: осори ранги худкор дар ангуштон, пас нависанда аст; роҳравӣ ба табиб мемонад; либосаш бошад баёнгари аҳли Лондон будан аст. Дойл баъди ин ҳарфҳо фарёд зад: - Шумо Шерлок Холмси воқеӣ ҳастед! Ронандаи таксӣ бо табассум идома дод: — Росташро гӯям ман боз ба як ҷузъиёти дигар таваҷҷуҳ кардам: дар ҷомадони шумо бо ҳарфҳои калон ном ва насабатон навишта шудааст. 😁 #ҷолиб #фонус —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред:@fonustj