Содержимое
Шабе ки моҳ арғувонӣ буд... "Шабе ки моҳ арғувонӣ буд", романи нависанда ва журналисти шинохта Соҷидаи Мирзо. Ду рӯз ин китоб маро комилан шефтаи худ кард. Бо қаҳрамонҳояш зиндагӣ мекардам, дар хаёл ғарқ мешудам ва баъзе саҳнаҳояш ҳанӯз ҳам аз пеши назар мегузаранд. Шояд то замоне, ки ба китоби дигаре ё сафаре дил набандам... Фарҳод, қаҳрамони ин роман маро дубора ба солҳои сахту сарди 1995–1997 бурд. Ба он рӯзҳое, ки ман ҳам мисли ҳазорҳо ҳамдиёрони дигар муҳоҷири мулки Рус будам. Солҳое ки ҷавонӣ миёни вокзалҳои сард, қаторҳои даҳшатовар, зимистони Сибир ва ғарибии бераҳм гум мешуд... Соҷидаи Мирзо дар ин романи худ рӯзгору сарнавишти Фарҳод ва ҳазорон муҳоҷири тоҷикро чунон нозуку воқеӣ тасвир мекунад, ки гӯиё худ миёни онҳо зиндагӣ кардааст. Ҳар ҷумлааш бӯйи дард, ғарибӣ ва интизорӣ дорад. Аз образофарӣ, тасвирҳо ва ҷумлаҳои пурнозуки ӯ лаззат мебарам. Маълум аст, ки дар деги адабиёт хуб пухтааст. Вокзали оҳан, милисаҳо, роҳбаладҳо, муҳоҷирон, шабҳои сард ва тарси ғарибӣ... ҳамаи ин барои ман ошност. Ин роман хотираҳои хомӯшшудаи маро дубора зинда кард. Он солҳо муҳоҷирони мо на танҳо аз бегонагон, балки аз баъзе ҳамватанони худ низ ҳарос доштанд. Барои ду пули ҳаром нишонии кору зисти ҳамдиёрашонро ба рекету милиса медоданд. Шабона маоши бо азоб ёфтаи муҳоҷирро медуздиданд. Дар қаторҳо мегаштанду аз муҳоҷирони хаста охирин пайсаашонро мегирифтанд... Тирамоҳи соли 1995 аз вокзали Оренбург ба самти Тошканд мерафтам. Ҳанӯз ба истгоҳи Илеск, сарҳади Русияву Қазоқистон нарасида будем, ки гурӯҳе аз тоҷикбачаҳо маро ба тамбӯри қатор бурданд. Куҷо меравӣ? Аз куҷо омадӣ? Чӣ қадар кор кардӣ? Аз ин пурсишҳо ҳайрон шуда гуфтам: Шумо кӣ ҳастед? Милиса? Ҳамин ки ин суханро гуфтам, мушти сахте ба даҳонам нишаст... (ҳанӯз ин дард азобам медиҳад) Ногаҳон яке фарёд зад: Шеф омад! Кош намеомад... Ӯ маро дида шинохт: Иии, худат ҳастӣ? Бачаҳо хомӯш шуданд. Каме сӯҳбат кардем. Шояд пай бурд, ки ҳузураш барои ман нофорам аст. Дар охир гуфт: То аз сарҳад гузаштан касе ба ту даст намерасонад. Он тарафаш паноҳат ба Худо... Ва рафт. Баъди чанд сол ҷасади ҳамон “шеф”-ро ба ватан оварданд. Гуфтанд мошинашро таркондаанд... Азоби муҳоҷиратро танҳо касе мефаҳмад, ки он рӯзҳоро бо чашми худ дидааст. Он шабҳои сард, он таҳқирҳо, он тарсу умедҳо ҳеч гоҳ аз хотира намераванд. Ташаккур ба Соҷидаи Мирзо барои ин романи пурмоҷаро ва пурдарди як навраси тоҷик. Ин китоб на танҳо саргузашти Фарҳод, балки қиссаи ҳазорон ҷавони тоҷик аст, ки солҳои ғарибиро бо дили пур аз орзу пушти сар карданд. Шояд рӯзе ман ҳам он хотираҳоро рӯи қоғаз биёрам...агар умр вафо кунад... ✍️Абдураҳмон Раҳмонов, рӯзноманигор #дидгоҳ #фонус —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj