TGTGInsightаналитика telegramLIVE / telegram public index
← ФОНУС (fonews)
ФОНУС (fonews) avatar

TGINSIGHT POST

Post #3127

@fonustj

ФОНУС (fonews)

Просмотры150Количество просмотров
Опубликован7 мая07.05.2026, 09:12
Содержимое поста

Содержимое

Боз омадам чун иди нав то қуфли зиндон бишканам, В-ин чархи мардумхорро чанголу дандон бишканам. Ҳафт ахтари беобро к-ин хокиёнро мехӯранд, Ҳам об бар оташ занам ҳам бодҳошон бишканам. Аз шоҳи бе оғоз ман паррон шудам чун боз ман, То ҷуғди тӯтихорро дар дайри вайрон бишканам. З-оғоз аҳде кардаам, к-ин ҷон фидои шаҳ кунам, Бишкаста бодо пушти ҷон гар аҳду паймон бишканам. Имрӯз ҳамчун Осифам, шамшеру фармон дар кафам, То гардани гарданкашон дар пеши султон бишканам. Рӯзе ду боғи тоғиён гар сабз бинӣ, ғам махӯр, Чун аслҳои бехашон аз роҳи пинҳон бишканам. Ман нашканам чуз ҷаврро ё золими бадғӯрро, Гар заррае дорад намак, габрам агар он бишканам. Гаштам муқими базми ӯ чун лутф дидам азми ӯ, Гаштам ҳақири роҳи ӯ то соқи шайтон бишканам. #мавлоно #фонус —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj