TGTGInsightаналитика telegramLIVE / telegram public index
Содержимое поста
Содержимое
КИРО КӢ ЗАН ДОДААСТ?) Чанд лаҳза пеш назди як рафиқ дар як корхонаи давлатӣ будам. Суҳбат атрофи бародариву зангирӣ ҷараён гирифт. Дар утоқи корӣ се-чор нафар нишаста будем. Яке гуфт, ки дар синни 23-солагӣ, дигаре гуфт дар 26–27-солагӣ зан гирифтааст. Савол пайдо шуд: Кӣ занат дод?) Яъне, бо маблағи худат тӯй кардӣ ё бо ёрии падару бародар?) Бовар мекунед, қариб ҳамагӣ бо ханда як ҳарф гуфтанд: Маро бародарам зан дод. Дигаре гуфт: Вақте гуфтанд, ки занат медиҳем, ҳатто 3–4 ҳазор сомонӣ надоштам. Шукри падару бародарон, ки тӯямро гузарониданд, вагарна ҳоло ҳам муҷаррад мегаштам...)) Хулоса, боз киро кӣ зан додааст? 🙂 ✍️Ҷамолиддин Фахриддин