Post content
Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд. “Шумо, барҳақ, ҳам дар байни ҳамватанон ва ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ эҳтироми баланд доред. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоӣ бо муваффақият пеш рафта, дар сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳиму созанда дорад”. - Владимир Путин “Ман рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистонро баланд қадр мекунам, дӯстии амиқи байни моро азиз медонам, омодаам, ки дар якҷоягӣ бо Шумо саъй намоям, то ҳамкории ҳамаҷонибаи байни давлатҳоямонро ба сатҳи нав бардорем ва ба шукуфоии муштараки Чин ва Тоҷикистон такони нав бахшем”. - Си Ҷинпин “Мо Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсатмадори ботаҷрибае мешиносем, ки сазовори эҳтиром ва эътирофи баланди халқи худ гардида, истиқлолияти давлатро таъмин намудааст ва дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, инчунин таҳкими нуфуз ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштааст”. - Шавкат Мирзиёев “Дастовардҳои дурахшони Тоҷикистони бародар дар самти навсозии сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин, нуфузи баланди давлат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ном ва фаъолияти созандаи Шумо ҳамчун Сарвари давлат робитаи ногусастанӣ доранд”. - Қосим-Жомарт Токаев “Комёбиҳои бузург, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон ба даст омадаанд, дастовардҳои назаррас дар рушди иқтисодии кишвар ва таҳкими обрӯ ва эътибори он дар арсаи ҷаҳонӣ бо номи Шумо алоқамандии ногусастанӣ доранд”. - Сердар Бердимухамедов “Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Шумо ба комёбиҳои бузург даст ёфта, нуфузу эътибори худро дар арсаи байналмилалӣ устуворона мустаҳкам менамояд”. - Гурбонгули Бердимуҳамедов “Сиёсати давлатие, ки Шумо пеш мебаред, ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишваратон, болоравии некӯаҳволии мардум ва таҳкими нуфузи Тоҷикистон мусоидат менамояд” - Садир Жапаров “Тоҷикистони бародар зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо бо роҳи устувору мутавозини тараққиёт пеш рафта, дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва татбиқи дигаргуниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ба комёбиҳои назаррас даст ёфтааст. Фаъолияти пайвастаи Шумо дар вазифаи олии давлатӣ, ки дар тамоми соҳаҳо саршор аз дастовардҳо аст, ба Шумо ҳам дар давлати худ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ обрӯю эътибори зиёд овардааст”. - Илҳом Алиев “Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва мутавозин, таҷрибаи ғании идоракунӣ ва дурандешии сиёсии Шумо Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақона рушд намуда, нуфузу эътибори худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким мебахшад. Итминон дорам, ки меҳнати фидокоронаи Шумо ба нафъи мамлакат минбаъд низ ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони он ва ҳифзи сулҳу оромиш дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард”. - Александр Лукашенко “Зодрӯзи Ҷаноби Олиро шахсан аз номи худ ва аз номи мардуми Туркия аз таҳти дил табрик намуда, бароятон умри дарози босубот дар канори наздиконатон орзумандам.” - Реҷеп Тайип Эрдоган “Меҳнатдӯстӣ, сифатҳои шахсӣ ва таҷрибаи ғании сиёсии Шумо ба рушди минбаъдаи Тоҷикистон ва баланд бардоштани нуфузи давлати Шумо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.” - Нурсултон Назарбоев “Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва хушбахтӣ, инчунин, ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафт ва шукуфоӣ таманно дорам”. - Мансур бин Зойид оли Наҳён #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Таджикистан#Tajikistan#Тоҷикистон#Президент#Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube