Recent posts
Page 1 of 84 · 1,007 posts
Posted Apr 18
Шанбегии навбатӣ бо иштироки кормандони Хадамоти алоқа Кормандони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба шанбегии умумӣ баромада, дар корҳои ободонию тозагии муҳити атроф фаъолона иштирок намуданд. Дар доираи ин иқдом, кормандон гирду атрофи бинои маъмурӣ, роҳравҳо ва ҳудуди ҳамшафатро аз партовҳо тоза карда, ба ҷамъоварӣ ва баровардани хошоку алафҳои худрӯй машғул гардиданд. Ҳамзамон, корҳои сабзкорӣ ва нигоҳубини дарахту буттаҳо анҷом дода шуда, муҳити корӣ боз ҳам зебову озода гардонида шуд. Баргузории чунин шанбегиҳо ба ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва тақвияти ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат мекунад. Кормандони Хадамоти алоқа пайваста дар чунин чорабиниҳо иштироки фаъол намуда, дар татбиқи барномаҳои давлатии ободонию кабудизоркунӣ саҳми худро мегузоранд.
Posted Apr 18
Рӯзи Пойтахт муборак, ҳамдиёрони азиз! Шуморо ба муносибати Рӯзи Пойтахт самимона табрик менамоем! Душанбе ифтихори тоҷикистониёну тоҷикони ҷаҳон буда, ҳамчун рамзи истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва суботи кишвар шинохта мешавад. Имрӯз пойтахти азизамон бо ободкориҳо, биноҳои замонавӣ ва рушди босуръат симои нав касб намуда, ба маркази имкониятҳо ва пешрафт табдил ёфтааст. Дар ин рӯзи фархунда ба ҳар яки Шумо сулҳ, меҳрубонӣ, шукуфоӣ ва комёбиҳои нав ба манфиати Ватани маҳбубамон — Ҷумҳурии Тоҷикистон орзумандем! 🇹🇯 #РӯзиПойтахт#Душанбе#Тоҷикистон:
Hashtags
Posted Apr 16
Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими амнияти иттилоотӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ Дар доираи ҷаласаи тадорукотии Механизми глобалӣ оид ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар заминаи амнияти байналмилалӣ намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи кишварро дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ муаррифӣ намуд. Дар ин бора сомонаи Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, котиби сеюми Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Рахмонов Сафар зимни суханронӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкории бисёрҷониба барои ташаккули фазои амну устувор ва бозуи иттилоотӣ мебошад. Зикр гардид, ки пешбурди рафтори масъулиятноки давлатҳо дар фазои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таҳкими чораҳои эътимодсозӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва коҳиши хавфҳо аз самтҳои калидии сиёсати кишвар ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, аҳамияти рушди механизмҳои табодули иттилоот ва вокуниши саривақтӣ ба таҳдидҳои киберӣ махсус таъкид шуд. Дар баромад инчунин ба имзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории киберӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчун як қадами муҳими таҳкими низоми амнияти байналмилалии иттилоотӣ ишора гардид. Ҳамзамон, зарурати тақвияти иқтидори давлатҳо дар соҳаи амнияти киберӣ, идоракунии хавфҳои рақамӣ ва истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ зикр шуда, ба густариши дастгирии техникии байналмилалӣ, табодули дониш ва таҳкими ҳамкорӣ бо давлатҳои узв ва сохторҳои дахлдори низоми СММ таваҷҷуҳи хос дода шуд.
Posted Apr 14
Posted Apr 14
Дилрабо Мансурӣ: Зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ унсурҳои меҳварии рушди устувори Тоҷикистон ҳастанд Рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ имрӯз ба унвони яке аз самтҳои калидии дурнамои рушди давлат баромад намуда, татбиқи васеи онҳо ба такмили идоракунии давлатӣ, рушди иқтисод, молия, энергетика ва сатҳу сифати хизматрасониҳо такони ҷиддӣ мебахшад. Ин нуктаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни ифтитоҳи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд», ки дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, таъкид намуд. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, форум бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, беш аз 2000 иштирокчиро гирди ҳам овард. Дар миёни онҳо роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, коршиносон, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд. Дар меҳвари баррасии форум масъалаҳои татбиқи технологияҳои рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва рушди иқтисоди «ҳушманд» қарор дошта, таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамгироии инноватсияҳо дар таъмини рушди устувор равона гардид. Иштирокчиён таъкид намуданд, ки маҳз технологияҳои рақамӣ ва қарорҳои зеҳни сунъӣ метавонанд идоракунии самаранок, шаффофият ва дастрасии васеъ ба хизматрасониҳоро таъмин намоянд. Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт як қатор санадҳои стратегиро қабул намудааст. Аз ҷумла, «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040», Консепсияи иқтисоди рақамӣ ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021–2025» заминаи муҳими гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва татбиқи технологияҳои муосир ба ҳисоб мераванд. Таъсири зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ танҳо ба иқтисод маҳдуд намонда, тамоми сохторҳои иҷтимоӣ ва идоракуниро фаро мегирад. Ин раванд имконият фароҳам меорад, ки сатҳи хизматрасонӣ беҳтар шуда, дастрасӣ ба маълумот ва маориф васеъ гардад, инчунин нобаробарии минтақавӣ коҳиш ёбад. Дар доираи форум масъалаҳои дастгирии стартапҳо, ташаббусҳои ҷавонон ва лоиҳаҳои илмӣ дар самтҳои экология, иқлим, захираҳои об ва энергетика низ баррасӣ шуданд. Намоиши таҷрибаҳои пешрафта ва табодули дониш дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҳадафҳои муҳими ҳамоиш арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи худро дар самти зеҳни сунъӣ тақвият мебахшад. Аз ҷумла, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон, ки ба нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувори Осиёи Марказӣ бахшида шудааст, далели ин раванд мебошад. Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода изҳор дошт, ки форум ҳамчун платформаи байналмилалии бисёрсатҳа имконият фароҳам меорад, то ниҳодҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи илмӣ дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ ҳамкории худро густариш диҳанд. Ҳамзамон, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, мақомоти давлатӣ ва шарикони хориҷӣ доир ба тамоюлҳои ҷаҳонии рақамикунонӣ, иқтисоди «сабз» ва нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувор ибрози назар намуданд. Дар доираи форум баргузории саммити ректорон, конфронсҳои илмию амалӣ, намоишгоҳҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ, форумҳои ҷавонон ва соҳибкорӣ, инчунин дигар чорабиниҳои соҳавӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба таҳкими экосистемаи рақамӣ ва инноватсионии кишвар мусоидат менамоянд. Дар маҷмуъ, форум ҳамчун минбари муҳими муколамаи байналмилалӣ ба рушди ҳамкориҳои илмӣ ва иқтисодӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар самти рушди устувор мусоидат хоҳад кард.
Posted Apr 13
🇬🇧 IMT-2030: 6G Technical Requirements Agreed Experts from the International Telecommunication Union (ITU) have agreed on key technical requirements for IMT-2030 (6G), marking a major step toward next-generation mobile networks. The draft, developed by ITU-R Working Party 5D, defines 20 performance requirements, including new ones tailored specifically for 6G. It builds on existing 5G standards (IMT-2020) and introduces advanced capabilities such as AI integration, ultra-low latency, and immersive communication. 6G is expected to support six main scenarios: immersive communication, ultra-reliable low-latency services, massive connectivity, ubiquitous coverage, AI-driven networks, and integrated sensing. The framework also emphasizes sustainability, security, and bridging the digital divide. Final approval is ожидается in December 2026. ⸻ 🇷🇺 IMT-2030: утверждены требования к 6G Эксперты International Telecommunication Union (ITU) согласовали ключевые технические требования для IMT-2030 (6G) — следующего поколения мобильной связи. Документ, подготовленный группой ITU-R Working Party 5D, включает 20 показателей производительности, в том числе новые, разработанные специально для 6G. Он основан на стандартах 5G (IMT-2020) и предусматривает развитие технологий с использованием ИИ, сверхнизкой задержки и иммерсивных сервисов. 6G будет охватывать шесть основных сценариев: иммерсивная связь, сверхнадёжные сети, массовые подключения, повсеместное покрытие, интеграция ИИ и объединение связи с сенсорными технологиями. Особое внимание уделено устойчивости, безопасности и сокращению цифрового разрыва. Окончательное утверждение ожидается в декабре 2026 года.
Posted Apr 9
Озмун барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо — 21 рӯз пас аз нашри эълон. Нишонӣ: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 57 Телефон: 221-23-20 Суроғаи электронӣ: [email protected] Маълумоти пурра дар бораи озмун аз рӯйи пайванди зерин дастрас аст: https://cs.gov.tj/ozmun-baroi-ishғoli-mansabҳoi-holii-mamurӣ/
Posted Apr 8
АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ: ҲИФЗИ МУШТАРИЁН АЗ ҚАЛЛОБӢ ДАР ФАЗОИ РАҚАМӢ Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афзоиши босуръати хидматрасониҳои рақамӣ (аз ҷумла бонки онлайнӣ, ҳукумати электронӣ, тиҷорати электронӣ ва дигар), зарурати муқовимат ба таҳдидҳои киберӣ ва пешгирии ҷиноятҳои киберӣ барои нигоҳдории суботи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амнияти миллӣ беш аз пеш муҳим мегардад. Амнияти иттилоотӣ ҳамчун низоми мукаммали чорабиниҳо, сиёсатҳо, стандартҳо ва технологияҳо муайян карда мешавад, ки ба ҳифз ва нигоҳдории маълумотҳо, системаҳои иттилоотӣ, таҷҳизоти техникӣ ва равандҳои марбут ба он равона гардидаанд. Мақсади асосии он таъмини се принсипи калидӣ мебошад: • Махфият (Confidentiality) – дастрасии иттилоотро фақат барои шахсони ваколатдор таъмин намудан; • Тамомият (Integrity) – пешгирии тағйирёбии ғайриқонунии маълумотҳо; • Дастрасӣ (Availability) – таъмини дастрасии боэътимод ва саривақтӣ ба иттилоот барои корбарони ҳақиқӣ. Ин принсипҳо (CIA – Confidentiality, Integrity, Availability) асоси стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла стандартҳои ITU ва “ISO/IEC 27001”-ро ташкил медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муайяни санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ташаккул ёфтааст. Қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии амалкунанда масъалаҳои вобаста ба ҳифзи иттилоот, таъмини амнияти фазои рақамӣ ва танзими муносибатҳои ҳуқуқиро дар ин самт дар бар мегиранд. • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ”; • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иттилоот”; • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ”; • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот”; • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ”; • Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инчунин Барномаи давлатии рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст, ки дар доираи ин барнома масъалаҳои муҳим, аз ҷумла муайян намудани субъекти муносибатҳои иттилоотӣ, таъмини аслият ва эътимоднокии маълумот, ҳифзи иттилоот аз таҳдидҳо ва амалҳои ҷинояткорона ба таври мушаххас пешбинӣ гардидаанд. Амнияти киберӣ яке аз ҷанбаҳои муҳим ва стратегӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ мебошад. Он маҷмуи чораҳо ва тадбирҳоест, ки ба ҳифзи маълумот, системаҳои иттилоотӣ ва таҷҳизотҳои техникӣ аз ҳамлаҳои компютерӣ, барномаҳои зараровар (вирусҳо), амалиётҳои хакерӣ равона шудааст. Ин таҳдидҳо метавонанд на танҳо инфрасохторҳои давлатӣ, балки муассисаҳои молиявӣ ва корхонаҳои хусусиро низ осебпазир гардонанд ва ба фаъолияти онҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хатар эҷод кунанд. Қоидаҳои асосии ҳифзи иттилоот барои истифодабарандагон: 1. Махфӣ нигоҳ доштани рамзҳо – рамзҳои шахсӣ ва маълумоти ҳассосро ба касе нишон надиҳед ва онҳоро дар дастгоҳҳои номаълум ифшо накунед. 2. Истифодаи манбаъҳои эътимоднок – танҳо ба сомонаҳо ва барномаҳои расмӣ пайваст шавед ва аз сарчашмаҳои боэътимод боргирӣ намоед. 3. Парҳез аз пайвандҳои шубҳанок – шахсони ношинос ё паёмҳои таҳқиромез метавонанд барномаҳои зараровар дошта бошанд, ки онҳоро кушодан ва зеркашӣ кардан қатъиян манъ аст. 4. Бо эҳтиёткорӣ муошират кардан – ҳангоми гирифтани паёмҳо ё зангҳои телефонӣ аз манбаъҳои номаълум ба ҳар гуна талаботи фаврӣ ва мушаххас бо шубҳа нигоҳ кунед. Амнияти иттилоотӣ вазифаи на танҳо давлат ё ширкатҳои технологӣ аст, балки ҳар як истифодабаранда низ бояд дониш ва малакаи заруриро дошта бошад, то тавонад миёни маълумоти аслӣ ва қалбакӣ, паёмҳои хатарнок ва иттилооти бехатарро фарқ кунад ва чораҳои муҳофизатиро дуруст истифода барад. Бахтиёр Нодиров, муовини сардори Раёсати таъмини амнияти иттилоотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Posted Apr 3
Омодагии густурда ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баррасӣ шуд 3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд. Машварати корӣ бо иштироки аъзои Кумитаи тадорукот доир ба истиқболи сазовор аз солгарди 35-уми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, доир ба рафти иҷрои барномаи омодагиҳо гузориши аъзои Кумитаи тадорукот, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, шунида шуд. Дастуру таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва руҳияи баланди омодагӣ ба ин ҷашни бузурги миллӣ, ҳамчунин ба раванди бунёдкорию созандагӣ дар тамоми қаламрави кишвар, такони ҷиддӣ додааст, зеро дар доираи омодагӣ ба он беш аз 30 ҳазор иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуда, садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.
Posted Mar 29
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои “Суғд саноат холдинг”-ро ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаи 5 иншооти нави истеҳсолию хизматрасонӣ шинос шуданд. Корхонаи истеҳсоли нушокиҳои “Суғд саноат холдинг” аз ду хатти технологӣ иборат аст, ки аз Олмон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст. Дар корхонаи саноатӣ шумораи кормандон мувофиқ ба талаботи бозор ва иқтидори хатҳои технологӣ тадриҷан ба 50 кас расонида мешавад. Истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот аз ҳадафҳои асосии фаъолияти корхона мебошад. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Таджикистан#Tajikistan#Тоҷикистон#Президент#Таджики#Суғд#Согд#Sughd President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Posted Mar 29
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд. Бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва 40 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад. Таъмини кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатӣ бо манзили зист барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагии омӯзгорон, парасторон ва кормандони соҳаи тиб мусоидат менамояд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи якуми ҳамин бино аз Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ дидан намуда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд. Ифтитоҳи Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ яке аз иқдомҳои муҳим дар самти ташаккули экосистемаи нави технологӣ дар шаҳри Хуҷанд арзёбӣ мегардад. Ин марказ метавонад ба макони ҷалби истеъдодҳои ҷавон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳа ва татбиқи ғояҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ табдил ёбад. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Таджикистан#Tajikistan#Тоҷикистон#Президент#Таджики#Суғд#Согд#Sughd President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Posted Mar 29
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур аз толори калони маҷлисгоҳ бо 720 ҷойи нишаст, Маркази зеҳни сунъӣ ва IT Park, толори Шурои диссертатсионӣ, осорхона, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, толори хурди омӯзиши мусиқӣ ва рақс, ҳуҷраҳои ёрирасон ва хизматрасонӣ иборат мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён суҳбати самимӣ анҷом дода, ҷавононро ба омӯзиши васеи фанҳои дақиқ ва технологияҳои муосир ҳидоят намуданд. Ҳамчунин, ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки пеш аз ҳама ба омӯзиши амиқи илмҳои муосир, махсусан технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Таджикистан#Tajikistan#Тоҷикистон#Президент#Таджики#Суғд#Согд#Sughd President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube