TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон avatar

TGINSIGHT POST

Post #2387

@khadamotialoqa

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Views492Post view count
PostedFeb 1802/18/2026, 08:26 AM
Post content

Post content

18 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон мардуми шарифи кишварро табрик гуфта, ба ҳар фарди миллат дили шоду хонаи обод, бахту иқболи баланд ва сулҳу оромии абадӣ орзу намуданд. «Моҳи шарифи Рамазон бо ҳикматҳои худ дар таълимоти дини мубини ислом ҷойгоҳи хосса дорад, зеро Худованд дар ин моҳ сабру таҳаммул, меҳру муҳаббат ва хайру саховатро аз миёни дигар ибодатҳо интихоб кардааст ва ба онҳо мақоми махсус додааст. Дар хотир бояд дошт, ки ҳикмати рӯзаи моҳи Рамазон танҳо худдорӣ аз хӯрдану ошомидан ва ибодат кардан иборат нест, балки дар ин моҳи муборак покизагии ботину зоҳир, дурӣ ҷустан аз кинаву адоват, ихтиёрдории нафс ва бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад», - таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. 18 февраля Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон, в своем поздравительном послании по случаю наступления благословенного месяца Рамазан поздравил славный народ страны и пожелал каждому гражданину радости в сердце, благополучия в доме, успехов и удач, а также мира и стабильности. Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон отметил: «Священный месяц Рамазан занимает особое место в учении священной религии ислама благодаря своей мудрости, поскольку Всевышний в этом месяце избрал среди других видов поклонения терпение и выдержку, любовь и милосердие, добро и щедрость и придал им особый статус. Следует помнить, что мудрость поста в месяце Рамазан заключается не только в воздержании от еды и питья и совершении поклонения, но и в особом значении очищения внутреннего и внешнего, избегания вражды и ненависти, самоконтроля и усиленного совершения добрых дел в обществе». #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Рамазон#Рамазан#Ramadan President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube