Post content
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур аз толори калони маҷлисгоҳ бо 720 ҷойи нишаст, Маркази зеҳни сунъӣ ва IT Park, толори Шурои диссертатсионӣ, осорхона, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, толори хурди омӯзиши мусиқӣ ва рақс, ҳуҷраҳои ёрирасон ва хизматрасонӣ иборат мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён суҳбати самимӣ анҷом дода, ҷавононро ба омӯзиши васеи фанҳои дақиқ ва технологияҳои муосир ҳидоят намуданд. Ҳамчунин, ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки пеш аз ҳама ба омӯзиши амиқи илмҳои муосир, махсусан технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Таджикистан#Tajikistan#Тоҷикистон#Президент#Таджики#Суғд#Согд#Sughd President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube