TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон avatar

TGINSIGHT POST

Post #2484

@khadamotialoqa

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Views499Post view count
PostedMar 2903/29/2026, 10:56 AM
Post content

Post content

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд. Бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва 40 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад. Таъмини кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатӣ бо манзили зист барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагии омӯзгорон, парасторон ва кормандони соҳаи тиб мусоидат менамояд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи якуми ҳамин бино аз Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ дидан намуда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд. Ифтитоҳи Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ яке аз иқдомҳои муҳим дар самти ташаккули экосистемаи нави технологӣ дар шаҳри Хуҷанд арзёбӣ мегардад. Ин марказ метавонад ба макони ҷалби истеъдодҳои ҷавон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳа ва татбиқи ғояҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ табдил ёбад. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Таджикистан#Tajikistan#Тоҷикистон#Президент#Таджики#Суғд#Согд#Sughd President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube