TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #122

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views199Post view count
PostedFeb 2202/22/2025, 12:17 PM
Post content

Post content

ТАБРИКОТ БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Ҳамдиёрони азиз! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо бахшида ба 32-юмин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоем. Ин рӯз барои мардуми шарафманди мо рӯзи қудрат ва тавоноии давлати тоҷикон, муҳаббат ва садоқат ба Ватани худ, қобилияти ҳифз ва пуштибонии оилаҳояшро ифода мекунад. Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хидматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша содиқу вафодор ҳастанд. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин, мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи сулҳу субот намоем ва дар обод намудани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Бори дигар Шуморо ба ифтихори ҷашни 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу хушбахтӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани аҷдодӣ барори кор орзумандем. Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоли мо сулҳу амонӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона намоем, ки ин неъмати бебаҳо ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидонӣ боқӣ монад. Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!