TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Back to channels
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT CHAT

Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf

Business and startups

Subscribers620Current channel subscribers
Tracked posts473Indexed post count
Recent reach4,754Sum of recent post views
Recent posts

Recent posts

Page 1 of 40 · 473 posts

Posted Apr 7

Тартиботи пеш аз сафар ҳамчун заминаи будубоши қонунӣ ва бароҳат дар Федератсияи Россия Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки дар шароити пурзӯр гардидани назорат ва ворид намудани тағйирот ба қонунгузории Федератсияи Россия, гузаштани саривақтии тартиботи пеш аз сафар ҳанӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус пайдо мекунад. Иҷрои пешакии тамоми расмиёти зарурӣ дар Ватан на танҳо вақти шуморо ҳангоми убури сарҳад ва баъди ворид шудан ба Россия ба таври назаррас сарфа мекунад, балки заминаи боэътимодро барои будубоши қонунӣ, бехатар ва устувор дар ҳудуди Федератсияи Россия фароҳам месозад. Дар ин замина, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз хизматрасониҳои Хадамоти шиносномавию раводиди ВКД-и Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121) истифода баранд, ки дар он ҷо метавонанд пешакӣ чунин амалҳоро анҷом диҳанд: • гузаштани бақайдгирии дактилоскопӣ, • гирифтани ташхиси тиббӣ, • санҷиши мавҷуд ё набудани маҳдудиятҳо барои ворид шудан ба Федератсияи Россия. Илова бар ин, барои содда гардонидани раванди воридшавӣ ва кам кардани вақти гузаштан аз назорати сарҳадӣ, тавсия дода мешавад, ки пешакӣ тавассути барномаи мобилии «Госуслуги RUID» ариза пешниҳод намуда, рамзи QR-и заруриро дастрас намоед. Дастурамали муфассал дар пайванди зерин дастрас аст: https://www.gosuslugi.ru/help/faq/ruID_app/906631 Муҳтарам шаҳрвандон, анҷом додани ин тартибот пеш аз сафар ба шумо имкон медиҳад: • вақти убури сарҳадро ба таври назаррас кам намоед, • раванди воридшавӣ ва расмиёти баъдӣ дар Россияро содда гардонед, • дар баъзе ҳолатҳо аз такроран гузаштани расмиёти биометрӣ ва ташхиси тиббӣ худдорӣ намоед, • аз рӯзҳои аввали будубош ба талаботи қонунгузории Федератсияи Россия мутобиқ бошед. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки имконият дошта бошед, тамоми тартиботи зарурии пеш аз сафарро ҳанӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳед. Ин раванд сафарро барои шумо муназзамтар гардонида, хавфҳоро коҳиш медиҳад ва барои будубоши қонунӣ ва бароҳати шумо дар Федератсияи Россия мусоидат менамояд. Предвыездные процедуры как основа легального и комфортного пребывания в Российской Федерации Представительство информирует: в условиях усиления контроля и изменений в законодательстве Российской Федерации особое значение приобретает своевременное прохождение предвыездных процедур ещё на территории Республики Таджикистан. Заблаговременное выполнение всех необходимых формальностей на родине не только существенно экономит время при пересечении границы и после прибытия в Россию, но и формирует надёжную основу для легального, безопасного и стабильного пребывания на территории Российской Федерации. В этой связи настоятельно рекомендуется воспользоваться услугами Паспортно-визовой службы МВД России в Республике Таджикистан (г. Душанбе, ул. Айни, 121), где граждане могут заранее пройти: • дактилоскопическую регистрацию, • медицинское освидетельствование, • проверку наличия или отсутствия ограничений на въезд в Российскую Федерацию. Дополнительно, для упрощения въезда и сокращения времени прохождения пограничных процедур, рекомендуется заранее подать заявление через мобильное приложение «Госуслуги RUID» и получить соответствующий QR-код. Подробная инструкция доступна по ссылке: https://www.gosuslugi.ru/help/faq/ruID_app/906631 Уважаемые граждане, прохождение указанных процедур до выезда позволяет: • значительно сократить время при пересечении границы, • упростить процесс прибытия и оформления в России, • в ряде случаев избежать повторного прохождения биометрических и медицинских процедур, • обеспечить соответствие требованиям законодательства Российской Федерации с первых дней пребывания. Призываем вас по возможности завершить все необходимые предвыездные процедуры, находясь в Республике Таджикистан. Такой подход делает поездку более организованной, снижает риски и способствует вашему законному и комфортному пребыванию в Российской Федерации.

200 views

Posted Apr 3

Ӯҳдадории муҳоҷири меҳнатӣ оид ба пешниҳоди огоҳинома ба ВКД ҷиҳати бастани шартномаи меҳнатӣ Намояндагӣ хотиррасон менамояд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон-муҳоҷирони меҳнатӣ, ки фаъолияти меҳнатиро дар Федератсияи Россия анҷом медиҳанд, ӯҳдадоранд мустақилона мақомоти ҳудудии ВКД Россияро дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи гражданӣ-ҳуқуқӣ огоҳ намоянд. Огоҳинома бояд дар муҳлати 60 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи таҳияи патент пешниҳод карда шавад ва ба он нусхаи шартномаи басташуда ҳатман замима гардад. Пешниҳоди огоҳинома мумкин аст шахсан, тавассути портали хизматрасониҳои давлатӣ -Госуслуги ё бо роҳи ирсоли почта ба мақомоти ҳудудии ВКД Россия, ки патентро додааст, анҷом дода шавад. Дар сурати иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ, патент бекор карда мешавад, ки ин боиси қатъ гардидани фаъолияти меҳнатӣ ва зарурати тарки қаламрави Федератсияи Россия мегардад. Ҳамзамон бояд ба назар гирифт, ки қонунгузорӣ барои корманд ва корфармо муҳлатҳои гуногуни огоҳсозиро муқаррар намудааст. Шаҳрванди хориҷӣ ӯҳдадор аст дар муҳлати 60 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи таҳияи патент ВКД Россияро огоҳ намояд, дар ҳоле ки корфармо ӯҳдадор аст дар бораи қабули шаҳрванди хориҷӣ ба кор дар муҳлати 3 рӯзи корӣ мақомоти ВКД-ро огоҳ созад. Риояи муҳлатҳои муқарраршуда шарти ҳатмии анҷом додани фаъолияти меҳнатии қонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия буда, имкон медиҳад аз оқибатҳои манфии ҳуқуқӣ пешгирӣ карда шавад. Обязанность трудового мигранта по уведомлению МВД о заключении трудового договора Представительство напоминает, что граждане Республики Таджикистан, осуществляющие трудовую деятельность на территории России, обязаны самостоятельно уведомить территориальный орган МВД России о заключении трудового или гражданско-правового договора. Уведомление необходимо направить в течение 60 календарных дней со дня выдачи патента, при этом к нему в обязательном порядке должна быть приложена копия заключённого договора. Подать уведомление можно лично, через портал государственных услуг либо посредством почтового отправления в территориальный орган МВД России, выдавший патент. В случае неисполнения данной обязанности патент подлежит аннулированию, что влечёт необходимость прекращения трудовой деятельности и выезда с территории Российской Федерации. Одновременно обращаем внимание, что законодательством установлены различные сроки уведомления для работника и работодателя. Иностранный гражданин обязан уведомить МВД России в течение 60 календарных дней со дня выдачи патента, тогда как работодатель обязан уведомить о приёме иностранного гражданина на работу в течение 3 рабочих дней. Соблюдение установленных сроков является обязательным условием законного осуществления трудовой деятельности на территории Российской Федерации и позволяет избежать негативных правовых последствий.

374 views

Posted Mar 31

Ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар Россия Муҳтарам шаҳрвандон, Ба иттилои Шумо мерасонем, ки имкониятҳои шуғли меҳнатӣ дар Федератсияи Россия дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ фароҳам оварда шудааст. Барномаи мазкур як қатор бартариҳои муҳим дорад. Пеш аз ҳама, шаҳрвандон бо кори қонунӣ ва бехатар таъмин мешаванд, зеро шартномаи расмии меҳнатӣ кафолати музди меҳнат, пардохтҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳоро таъмин мекунад. Илова бар ин, иштирокчиён ба ҷойҳои кори серталаб дастрасӣ пайдо намуда, метавонанд сатҳи тахассуси худро мутобиқ ба меъёрҳои Россия баланд бардоранд. Ҳамзамон, раванди сафар ва ҳуҷҷатгузорӣ содда гардонида шудааст: тамоми санҷишҳои зарурӣ, аз ҷумла тиббӣ, биометрӣ ва ҳуқуқӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Инчунин, барои иштирокчиён имконияти омӯзиши забони русӣ, таърихи Россия, асосҳои қонунгузорӣ ва гирифтани омодагии касбӣ фароҳам аст. Барнома инчунин дастгирии тиббӣ ва иҷтимоиро пешбинӣ мекунад: муоинаи тиббӣ пешакӣ гузаронида шуда, корфармоён уҳдадоранд суғурта ва дигар кафолатҳои иҷтимоиро таъмин намоянд. Назорати фаъолияти корфармоён пурзӯр буда, ин ҳолат ҳифзи ҳуқуқи кормандонро таъмин мекунад. Дар маҷмӯъ, барнома ба фароҳам овардани шароити муносиб барои меҳнат ва ҳамгироии шаҳрвандон мусоидат мекунад. Тартиби иштирок содда ва шаффоф мебошад. Аввалан, довталаб бояд ҷойи кори мувофиқро тавассути платформаи «Работа в России» интихоб намояд. Сипас, барои иштирок ариза ба мақомоти ваколатдори Вазорати меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Баъд аз он, довталаб аз санҷишҳои зарурӣ, аз ҷумла бақайдгирии биометрӣ, санҷиши мавҷуд набудани доғи судӣ, омӯзиш ва муоинаи тиббӣ мегузарад. Пас аз бомуваффақият анҷом ёфтани ҳамаи марҳилаҳо, шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ба имзо расонида шуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои сафар омода мегарданд. Баъдан шаҳрванд ба Россия сафар карда, фаъолияти меҳнатии худро оғоз менамояд ва дар ҳолати зарурӣ аз дастгирии мақомоти дахлдор бархурдор мегардад. Раванди мазкур аз ҷониби мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳамоҳанг карда шуда, шаффофият ва эътимоднокии онро таъмин менамояд.

348 views

Posted Mar 30

Аз барномаи Госуслуги RuID истифода баред! Намояндагӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ният доранд ба Федератсияи Россия бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ сафар намоянд, хотиррасон мекунад, ки имконияти истифодаи воситаи рақамии бақайдгирии пешакӣ тавассути барномаи «Госуслуги» RuID мавҷуд мебошад. Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки сафар пешакӣ ба нақша гирифта шуда, дархости зарурӣ дар шакли электронӣ то ворид шудан ба Федератсияи Россия пешниҳод карда шавад, инчунин бақайдгирӣ дар портали хизматрасониҳои давлатӣ анҷом дода шавад. Барнома барои зеркашӣ дар Google Play ва RuStore дастрас мебошад. Барои гирифтани маълумоти муфассал ва дастури қадам ба қадам оид ба насб ва пур кардани дархост, тавсия дода мешавад аз пайванди зерин истифода баред: https://www.gosuslugi.ru/landing/new_entry_rules Раванди бақайдгирӣ на бештар аз панҷ дақиқа вақт мегирад ва ба сафари минбаъдаи Шумо шароити мусоид фароҳам меорад. Воспользуйтесь приложением Госуслуги RuID! Представительство напоминает, что для граждан Республики Таджикистан, планирующих поездку в Российскую Федерацию с целью осуществления трудовой деятельности, доступен цифровой инструмент предварительной регистрации через приложение «Госуслуги» RuID. Данное приложение позволяет заранее спланировать поездку, подав необходимое заявления в электронном формате до въезда в Российскую Федерацию, а также пройти регистрацию на портале государственных услуг. Приложение доступно для скачивания в Google Play и RuStore. Для получения подробной информации, а также пошаговой инструкции по установке и заполнению заявления, рекомендуем перейти по ссылке ниже: https://www.gosuslugi.ru/landing/new_entry_rules Процесс регистрации занимает не более пяти минут и способствует более комфортной и организованной поездке.

437 views

Posted Mar 25

ДАР ҲОЛАТИ ГУМ ШУДАНИ ҲУҶҶАТҲО ДАР РОССИЯ ЧӢ БОЯД КАРД?

500 views

Posted Mar 23

Пешниҳод накардани огоҳинома – сабаби бекор намудани патент Бо мақсади пешгирии маҳрум шудан аз ҳуқуқи фаъолияти меҳнатӣ, тавсия медиҳем, ки огоҳиномаро сари вақт пешкаш намоед. Дар поён, посухҳои муфассал ба ду саволҳои муҳим: 1. Дар кадом муҳлат бояд огоҳинома дар бораи анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ пешниҳод карда шавад? Шаҳрванди хориҷӣ уҳдадор аст дар баробари корфармо худ огоҳиномаро дар давоми 60 рӯзи тақвимӣ пешниҳод намояд. Корфармо бошад, бояд онро дар давоми 3 рӯзи корӣ ирсол кунад. 2. Огоҳиномаро чӣ гуна метавон пешниҳод кард? Огоҳинома тавассути портали «Госуслуги» ба шуъбаи масъалаҳои муҳоҷирати ВКД (УВМ МВД) минтақае, ки шаҳрванд дар он ҷо фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳад, пешниҳод мегардад ё шахсан бо гирифтани тасдиқнома бо муҳри қабул супурда мешавад. Непредставление уведомления об осуществлении трудовой деятельности является одной из наиболее распространенных причин аннулирования патента. В целях недопущения утраты права на осуществление трудовой деятельности настоятельно рекомендуем своевременно предоставлять уведомление об осуществлении трудовой деятельности. Ниже приводим разъяснения по наиболее двум часто задаваемым вопросам. 1. В какие сроки необходимо подать уведомление об осуществлении трудовой деятельности? Иностранный гражданин обязан подать уведомление в течение 60 календарных дней. Работодатель, в свою очередь, должен направить уведомление в течение 3 рабочих дней. 2. Каким образом можно подать уведомление? Уведомление подаётся через портал «Госуслуги» в подразделение по вопросам миграции МВД региона, в котором иностранный гражданин фактически осуществляет трудовую деятельность, либо лично с получением подтверждающего документа с отметкой о приёме.

522 views

Posted Mar 20

Ҳамватанони арҷманд! Ҳамкорони гиромӣ! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҳамаи ҳамдиёронро ба муносибати ҷашни Наврӯз самимона табрик менамояд! Наврӯз рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ ва оғози рӯзи нав мебошад. Ин ҷашни фархунда, ки таърихи куҳан дорад, мардумро новобаста аз синну сол ба ҳам меорад ва анъанаҳои неки дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмиро таҳким мебахшад. Барои ҳамватанони мо, ки дар Федератсияи Россия зиндагӣ ва фаъолият менамоянд, Наврӯз ёдовар аз Ватан, мероси ғании фарҳангӣ ва арзишҳои маънавии халқи тоҷик мебошад. Дар ин рӯз аҳамияти ваҳдат, дастгирии якдигар ва талоши созанда барои беҳбудии оила ва ҷомеа беш аз пеш эҳсос мегардад. Ба шумо ва наздиконатон саломатии комил, саодатмандӣ, суботу пешрафт, дастовардҳои нави касбӣ ва эътимод ба фардои дурахшон таманно дорем. Бигзор дар ҳар хонадон сулҳу осоиштагӣ, меҳру муҳаббат ва фаровонӣ ҳукмфармо бошад ва ҳамаи ниятҳои нек амалӣ гарданд. Наврӯз муборак!

450 views

Posted Mar 20

20 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалиро ба хурду бузурги мардуми кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо саломативу сарбаландӣ, хушбахтиву саодати рӯзгор ва файзу баракати наврӯзӣ орзу намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «ҳарчанд баробаршавии шабу рӯз дар як сол ду маротиба рух медиҳад, аммо Наврӯз ҳамчун падидаи зебои табиӣ эҳёи табиат ва мавҷудоти оламро дар фасли баҳор, яъне нишонаҳои зиндагии навро дар худ таҷассум мекунад. Ба ҳамин сабаб ниёгони хирадманди мо маҳз ҳамин рӯз, яъне эътидоли баҳориро оғози соли нави хуршедӣ қарор додаанд ва онро бо калимаи зебои тоҷикӣ «наврӯз» ном ниҳодаанд». 20 марта Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в своём праздничном послании поздравил всех жителей страны, от мала до велика, зарубежных соотечественников и народы стран ареала цивилизации Навруза с наступлением Нового года предков – международного Навруза, и пожелал им здоровья, счастья и благополучия в праздник Навруз. Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул: «хотя равноденствие в течение года происходит дважды, Навруз как прекрасное природное явление воплощает в себе весеннее возрождение природы и всего сущего - знамение новой жизни. По этой причине наши мудрые предки сделали именно этот день, то есть период весеннего равноденствия началом нового солнечного года и назвали его красивым таджикским словом «навруз». #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Наврӯз#Навруз#Nowruz President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

316 views

Posted Mar 19

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр 19.03.2026 https://www.youtube.com/watch?v=sAqiEluWo4M

332 views

Posted Mar 19

19 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии иди сайиди Фитр табрик гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, ризқу рӯзии фаровон ва оромиву осоиш орзу намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Ин ид мисли дигар анъанаву суннатҳои милливу эътиқодии мо дарбаргирандаи арзишҳои зиёди ахлоқиву маънавӣ мебошад. Аз ҷумлаи суннатҳои неке, ки барои истиқболи он аз Паёмбари гиромиқадр ба умматонашон мерос мондааст, хайру саховат кардан ба ниёзмандон мебошад». 19 марта Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в своём праздничном послании поздравил весь славный народ Таджикистана и наших зарубежных соотечественников по случаю наступления благословенного праздника Фитр, пожелал им крепкого здоровья, процветания, обильного дастархана, мира и стабильности.. Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул: «этот праздник, как и другие наши национальные и религиозные традиции, содержит в себе множество нравственных и духовных ценностей. Среди прекрасных обычаев, которые достались в наследство последователям от благородного Посланника, - это раздача милостыни бедным». #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Рамазон#Рамазан#Ramadan#ИдиФитр#EidAlFitr President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

444 views

Posted Mar 18

Шодбошии Намояндагӣ ба муносибати Иди Фитр Ҳамватанони арҷманд! Ҳамкорони гиромӣ! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират шуморо ба муносибати Иди муқаддаси Фитр самимона табрик менамояд! Ин рӯзи фархунда рамзи анҷоми моҳи мубораки Рамазон буда, саршор аз покии маънавӣ, раҳму шафқат ва амалҳои нек мебошад. Иди Фитр мардумро ба ҳам меорад, имонро таҳким мебахшад ва ба аҳамияти ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва ғамхорӣ нисбати якдигар ёдрас мекунад. Ба шумо ва наздиконатон саломатии бардавом, рӯзгори обод, сулҳу субот ва ваҳдату меҳру муҳаббат орзу менамоем. Бигзор хонадонатон ҳамеша пур аз шодиву сурур, гармӣ ва фаровонӣ бошад ва амалҳои неке, ки дар моҳи Рамазон анҷом додаед, бароятон аҷру савоб ва оромии дил оваранд. Бигзор ин иди муборак илҳомбахши комёбиҳои нав гардида, умедро қавӣ гардонад ва тағйироти неку фараҳбахшро ба зиндагии шумо биёрад! Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Поздравление Представительства с праздником Ид Аль-фитр Уважаемые соотечественники! Дорогие коллеги! Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции сердечно поздравляет вас со священным праздником Ураза-байрам! Этот светлый день символизирует завершение благословенного месяца Рамадан, наполненного духовным очищением, милосердием и добрыми делами. Ураза-байрам объединяет людей, укрепляет веру, напоминает о важности взаимопомощи, уважения и заботы друг о друге. Желаем вам и вашим близким крепкого здоровья, благополучия, мира и согласия в семьях. Пусть ваши дома будут наполнены радостью, теплом и достатком, а добрые дела, совершенные в дни Рамадана, принесут вам вознаграждение и внутреннюю гармонию. Пусть этот праздник вдохновит на новые достижения, укрепит надежду и подарит светлые перемены! С уважением, Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции

377 views

Posted Mar 18

Имкони сафар ва будубоши бехатар дар Россия Вобаста ба пурзӯр гардидани назорат ва ворид шудани тағйирот ба қонунгузории Россия, тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар ҳамаи расмиёти заруриро риоя намоед. Аз ҷумла, аз хизматрасониҳои Намояндагии Хадамоти шиносномавию раводиди ВКД-и Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айни 121 истифода бурда, расмиёти дактилоскопия ва расмгирӣ, муоинаи тиббӣ ва инчунин санҷиши вазъи ҳуқуқиро пешакӣ гузаред. Ҳамчунин, барои воридшавии бемонеа ва бароҳат ба қаламрави Федератсияи Россия тавсия дода мешавад, ки қаблӣ тавассути замимаи мобилии «Госуслуги RUID» ариза пешниҳод намуда, QR-рамзи заруриро дастрас намоед. Дастурамал оид ба истифодаи замима дар пайванди зерин дастрас аст: https://www.gosuslugi.ru/help/faq/ruID_app/906631 Истифодаи ин хизматрасониҳо вақтро сарфа намуда, раванди убури сарҳадро осонтар гардонида, зарурати аз нав гузаштани бақайдгирии биометрӣ, дактилоскопия ва муоинаи тиббиро дар қаламрави Федератсияи Россия бартараф менамояд. *Безопасное путешествие и пребывание в России* В связи с усилением контроля и внесением изменений в законодательство России рекомендуется перед поездкой соблюдать все необходимые процедуры. В частности, рекомендуется воспользоваться услугами Представительства паспортно-визовой службы МВД России в Республике Таджикистан, расположенного в городе Душанбе по адресу: улица Айни, 121, и заранее пройти процедуры дактилоскопии и фотографирования, медицинское обследование, а также проверку правового статуса. Также для беспрепятственного и комфортного въезда на территорию Российской Федерации рекомендуется заранее подать заявление через мобильное приложение «Госуслуги RUID» и получить необходимый QR-код. Инструкция по использованию приложения доступна по следующей ссылке: https://www.gosuslugi.ru/help/faq/ruID_app/906631 Использование данных услуг позволяет сэкономить время, упростить процесс пересечения границы и исключить необходимость повторного прохождения биометрической регистрации, дактилоскопии и медицинского обследования на территории Российской Федерации.

454 views
123•••10•••20•••30•••3940
PreviousPage 1 of 40Next