TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #131

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views425Post view count
PostedFeb 2602/26/2025, 06:14 PM
Post content

Post content

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасанад, ки санаи 2 марти соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, метавонанд ба вакилони арзандаи худ дар шаҳри Москва дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Москва, гузаргоҳи Гранатний 13, (метро барикадная) дар участкаи интихоботӣ овоз диҳанд. Ҳамзамон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар шаҳри Санкт – Петербург дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт – Петербург, дар шаҳри Новосибирск дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск, дар шаҳри Уфа дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ва дар шаҳри Екатеренбург дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеренбург ба номзадҳои худ овоз диҳанд. Иштирок дар интихобот масъулият ва қарзи шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат мебошад!