TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #141

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views185Post view count
PostedMar 503/05/2025, 09:10 PM
Post content

Post content

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР НОВОСИБИРСК ПУРЗӮР КАРДА МЕШАВАД Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади расонидани иттилоот оид ба қонунгузории кишвари иқомат, риоя талаботҳои кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ, ҷорӣ шудани меъёрҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Новосибирск «МИРА» вохурӣ намуд. Дар вохӯрӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба тағийротҳои қонунгузории кишвари иқомат, риояи талаботҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, тартиби дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, расман фаъолият намуданд дар кишвари иқомат иттилоъ дода шуда, ба саволҳо дар ин самт пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.