TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #198

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views391Post view count
PostedMar 2303/23/2025, 08:34 PM
Post content

Post content

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба таваҷҷуҳи ҳамватанон мерасонад, ки дар расонаҳои хабарии Россия ва Тоҷикистон, ахбор вобаста ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 20.03.2025, №159 “Дар бораи хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия”, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар сурати гузаштани расмиёти изи ангушт ва ташхиси тиббӣ бобати истифодаи маводи мухаддир ва мавҷудияти бемориҳои хатарноки сироятӣ, метавонанд дар Россия бидуни патент кор кунанд, расонаӣ шуда истодааст. Бояд қайд кард, ки қаблан дар асоси дар ҳайати Федератсияи Россия ба вуҷуд омадани субъектҳои нав: Ҷумҳурии Халқии Донетск, Ҷумҳурии Халқии Луганск, вилояти Запорожие ва вилояти Херсон, Президенти Федератсияи Россия фармонеро (Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 27.04.2023 №307 "Дар бораи хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия") нашр карда буд. Вобаста ба ин, мутобиқи фармони нав фаъолияти меҳнатӣ бидуни патент танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Халқии Донетск, Ҷумҳурии Халқии Луганск, вилояти Запорожие ва вилояти Херсон пас гузаштани ташхиси дактилоскопӣ ва тиббӣ иҷозат дода мешавад. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.