TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #214

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views132Post view count
PostedMar 3103/31/2025, 09:12 AM
Post content

Post content

ШИНОСНОМАИ ГУМШУДАРО ЧӢ ТАВР МЕТАВОН БАРҚАРОР КАРД? Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бинобар муроҷиати зиед ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар қаламрави Федератсияи Россия дар ҳолати гум кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият - шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони барқарор намудани он вуҷуд дорад. Нахуст, барои расман ба қайд гирифтани ҳолати гумшудани ҳуҷҷатҳо шаҳрвандро зарур аст, ки ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ рафта, ба номи мақомот ариза дар бораи гум шудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрванди хориҷӣ пешниҳод намояд. Аз ҷониби мақомот ба шаҳрванди хориҷӣ маълумотнома (талон) дар бораи пешниҳод кардани ариза медиҳанд. Пас аз навиштани ариза дар бораи гум шудани ҳуҷҷатҳо ба Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт - Петербург, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеренбург муроҷиат намуда, барои гум шудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ариза пешниҳод менамояд. Пас аз навиштани ариза аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор дар ин самт шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муайян омода карда шуда, ба шаҳрванд дастрас карда мешавад. МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС: Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Суроға:121069, Москва, Скатертный переулок, бинои 19 Моб: +7 (985) 740 – 02 - 12 , E-mail:[email protected] Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург Тел: +7 (812) 490-47-46 E-mail: [email protected] Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Уфа Тел: +7 (347) 276-52-96 , E-mail: [email protected] Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург Тел: (+343) 370-23-60, Е-mail: [email protected] Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Новосибирск Тел: +7 383 305 4461 , +7 383 305 4463 , +7 383 316 28 50 , 8 +7 800 350 65 65 E-mail: [email protected] Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва маслиҳати ҳуқуқӣ метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат кунанд. Телефонҳо барои тамос: +7(495) 967-98-44; +7 (999) 912-58-68 (WhatsApp) Е-mail: [email protected]