Post content
БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!!! Намояндагӣ бори дигар хотирасон менамояд, ки аз 5 феврали соли 2025 дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ Феҳристи шахсони назоратшаванда амал мекунад, ки ба он шаҳрвандони хориҷие, ки ҳуқуқи будубоши қонунии худро дар Федератсияи Россия аз даст додаанд, дохил гардидаанд. Шаҳрвандоне, ки ба феҳристи мазкур шомил гардидаанд, наметавонанд ҷои истиқомат ё будубоши худро иваз намоянд ва ё аз минтақаи фаъолияти худ берун раванд. Инчунин нисбати ин гуруҳи шаҳрвандон маҳдудиятҳои идора кардани воситаи нақлиёт, супоридани имтиҳон барои ҳуҷҷати ронандагӣ, иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ, харидории амволи манқул ва ғайриманқул ва бақайдгрии ҳуқуқии он ҳамчун моликияти шахсӣ, ақди никоҳи расмӣ, таъсиси ширкати ҳуқуқӣ ё сабти ширкат ҳамчун соҳибкори инфиродӣ, кушодани суратҳисоби бонкӣ ва анҷом додани амалиётҳои бонкӣ нисбаташон татбиқ карда мешавад. Таъкид мегардад, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дар феҳрист дохил карда шудаанд, наметавонанд фарзандони худро ба муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ дохил намоянд. Намояндагӣ ба иттилоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки то анҷоми қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия 19 рӯз боқӣ мондааст. Аз ин лиҳоз ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои будубош вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии шуъбаҳои муҳоҷиратии мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба танзим дароранд. Тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳрвандон имкон доранд, ки дар қаламрави Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: Рақами телефон: +7 (495) 967-98-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;