TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #256

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views91Post view count
PostedApr 1704/17/2025, 01:03 PM
Post content

Post content

Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ вориди шаҳри Санкт-Петербург шуданд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар фурудгоҳи байналмилалии Пулково меҳмони олиқадр, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро намояндагони расмии Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.