Post content
ФИДОКОРИИ ТОҶИК БАРОИ ҲИФЗИ ҶОНИ ДИГАРОН ДАР МОСКВА Қаҳрамониҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар ҳазорон нафар дар хотир доранду барои фидокорӣ ва далерию ҷасуриашон изҳори сипос менамоянд. Дар Федератсияи Россия тоҷикон дар ҳолатҳои ногувор, сар задани офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои офатбор, матонату ҷасурӣ нишон дода, дар ин кишвар қаҳрамониҳои зиёде намудаанд. 24 апрели соли 2025 корманди хоҷагии комуналии ноҳиявии «Хорошёво Мневники» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Отабек Мадраҳимов, ки муваққатан дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кору фаъолият менамояд, дар яке аз шоҳроҳҳо шоҳиди оташ гирифтани нақлиёти сабукрав шуда, далерию шуҷоат нишон дода, сухтори баамаломадаро хомуш намуд. Отабек Мадраҳимов дар дохили нақлиёти хизматии худ қарор дошта, чашмаш ба мошине мерасад, ки дар миёни роҳ оташ гирифтааст. Бо гумони он, кӣ дар дохили нақлиёт эҳтимол одамон қарор доранд, новобаста аз он, ки хатари ба амал омадани таркиш вуҷуд дошт, ҷасорат нишон дода, фидокорона оташро хомуш намуд. Ӯ зимни суҳбати телефонӣ бо масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иброз намуд, ки “ман қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо овардам. Гумон кардам, ки дар дохили нақлиёт касе ҳаст. Мо тоҷикон ҳамеша дар ҳолатҳои ногувор ба ҳама дасти ёрӣ дароз мекунем”. Намояндагӣ ба Отабек Мадраҳимов барои ҷасорату матонаташ изҳори миннатдорӣ намуда, рафтори ҷавонмардонаи ӯро намунаи олии ибрат номид. ГЕРОИЗМ ТАДЖИКА РАДИ ЖИЗНЕЙ ДРУГИХ В МОСКВЕ Тысячи людей помнят и благодарят граждан Республики Таджикистан за рубежом за их самоотверженность, смелость и отвагу. В Российской Федерации таджики не раз проявляли стойкость и мужество в сложных ситуациях, во время стихийных бедствий и других чрезвычайных происшествий, становясь настоящими героями. 24 апреля 2025 года сотрудник коммунального хозяйства района «Хорошёво-Мнёвники», гражданин Республики Таджикистан Отабек Мадрахимов, временно работающий в Москве, проявил героизм и отвагу, потушив пожар в легковом автомобиле. Находясь за рулём служебной машины, Отабек Мадрахимов заметил возгорание в легковом автомобиле на трассе. Несмотря на опасность для собственного здоровья, он действовал решительно, предполагая, что внутри могут находиться люди. В телефонном разговоре с представителем Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации он заявил: «Я выполнил свой гражданский долг, потому что подумал, что в машине могут быть люди. Мы, таджики, всегда протягиваем руку помощи тем, кто оказался в трудной ситуации». Представительство выразило благодарность Отабеку Мадрахимову за мужество и отвагу, назвав его поступок высшим примером для подражания.