TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #333

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views296Post view count
PostedMay 1805/18/2025, 04:58 PM
Post content

Post content

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират оид ба ҷасорат ва далерии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Сайвалӣ Худойдодович дар шаҳри Екатеренбурги Федератсияи Россия иттилоъ дода, ҷасорати шаҳрвандро намунаи олии гуманистӣ ва ҷавонмардӣ меномад. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Сайвалӣ Худойдодович санаи 14 майи соли 2025, соатҳои тахминан 19:12 ҳангоми харидории доруҳо аз нуқтаи фуруши доруворӣ дар шаҳри Екатеренбург садои фиғони кӯдаки хӯрдсолро шунида ба кӯмаки ӯ мешитобад. Сайвалӣ Худойдодович ҳангоми наздик шудан ба ҷойи ҳодиса тавассути тиреза ба хона ворид гардида, тифли дар атрофи оташбударо наҷот медиҳад, ки ӯ бо садои хаста ба қаҳрамони мо муроҷиат мекунад, ки “додарам низ дар онҷост”. Маротибаи дуввум Сайид Худойдодович ба даруни оташи гарму сӯхтори шадид ворид гардида, даруни хонаҳои оташгирифтаро ҷустуҷу намуда, кӯдаки хӯрдсол, ки аз гармии оташ ва дуди он беҳолат шуда буд, аз марг наҷот медиҳад. Одамон ва ҳамсоягон бори дигар ба Сайид муроҷиат карда мегӯянд, ки навраси дигаре дар дохили биност. Қаҳрамони мо аз дуд ва оташи сӯзон тоб наоварда, аз тирезаи хона калаи худро берун намуда, нафаси тоза гирифта, маротибаи сеюм вориди оташи сӯзон мегардад, хушбахтона бо далерию шуҷоат ва истифодаи дурусти айёниятҳои дохилибино тифли саввуминро наҷот дода, ҳангоми гузариши оташ ба хонаи дигар аз даруни оташ берун мешавад. Ҷасорати муҳоҷири меҳнатии тоҷик шоистаи таҳсин ва мояи ифтихори инсоният буда, новобаста аз хатар ба ҷони худ Сайвалӣ Худойдодович ҷони се тифлу навраси русро аз хатар наҷот дод. Ӯ зимни суҳбат ба масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иброз намуд, ки “ҳодиса дар ноҳияе, ки ман зиндагӣ мекунам рух дод. Ман солҳост дар инҷо кор ва зиндагӣ менамоям ва ҳама сокинони маҳаллӣ маро мешиносанд. Коре, ки ман анҷом додам инро барои худ қарз медонам ва ҳар касе, ки дар ҷойи ман бошад ҳамин гуна рафтор менамояд”. Вобаста ба ҳодисаи мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо аз ҷониби корбарон маълумот нашр гардида, кирдори шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳсину офарин ва сокинони маҳаллӣ ба ҷасорати ӯ изҳори сипос менамоянд. Дар идомаи суҳбат Сайвалӣ иброз намуд, ки “баъди расонаӣ шудани ҳодисаи мазкур бо падару модарам суҳбат намуда, ба онҳо фаҳмонидам. Падарам ба ман гуфт, ки рисолати ҳар як тоҷик анҷом додани амали хайр ва ҷавонмардиву далерист. Писарам, кори хубе кардед”. Саид акнун қаҳрамон аст, қаҳрамони Россияву Тоҷикистон, қаҳрамони ду оила ва идеали се наврас, ки дар дили онҳо шуълаи муҳаббат, садоқат ва вафодорӣ то лаҳзаи вопасин ба хотири қаҳрамони худ Шарипов Сайвалӣ ҷуш мезанад.