TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #334

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views296Post view count
PostedMay 1905/19/2025, 06:42 AM
Post content

Post content

Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мизи мудаввар Санаи 16 майи соли 2025 дар ҳошияи баргузории Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: КАЗАНФОРУМ" Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа дар мизи мудаввар иштирок ва суханронӣ намуд. Мизи мудаввар аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия ва Вазорати меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон ташкил гардид. Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сатҳи некӯаҳволӣ, такмили қонунгузорӣ дар соҳаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, табодули таҷрибаи намояндагони вазоратҳои меҳнати кишварҳои ИДМ сурат гирифт. Бояд қайд кард, ки вобаста ба мавзӯи чорабинӣ намояндагони ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок ва суханронӣ намуданд.