TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #378

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views888Post view count
PostedJun 2606/26/2025, 10:22 AM
Post content

Post content

Ҳамватанони гиромӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аз имрӯз, 26 июни соли 2025, барномаи мобилии “ruID” дар ҳамаи мағозаҳои расмии замимаҳо (Google Play, App Store, RuStore ва ғайра) дастрас мебошад. Барномаи ruID бо мақсади осон кардани вуруд ба Федератсияи Россия, дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ ва хусусии рақамӣ дар ҳудуди Россия таҳия шудааст. Ин барнома имкониятҳои зеринро пешниҳод мекунад: • Коҳиш додани вақти интизорӣ ҳангоми гузаштани назорати шиноснома дар нуқтаҳои марзӣ (фурудгоҳҳои Россия); • Содда кардани раванди сафар ва вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия. • Шиносоии электронии соддашуда; • Дастрасӣ ба хизматрасониҳои рақамии давлатӣ ва иҷтимоӣ (аз ҷумла муҳоҷиратӣ, тиббӣ, бонкӣ ва ғайра); • Нигоҳдорӣ ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ; • Амнияти баланди маълумот ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои онлайн; Истифодаи барномаи ruID ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки: • Айни ҳол дар ҳудуди Федератсияи Русия қарор доранд; • Нақшаи сафар ва ворид шудан ба Россияро доранд бо мақсади кор, таҳсил ё иқомати муваққатӣ ва доимӣ. Тарзи насб ва истифода: 1. Ба Google Play, App Store ё RuStore дар телефони мобилии худ ворид шавед. 2. Дар сатри ҷустуҷӯ номи ruID-ро нависед. 3. Барномаро боргирӣ ва насб кунед. 4. Тибқи дастурҳо сабти ном намоед. Барномаи ruID ба Шумо имкон медиҳад, ки хизматрасониҳоро дар шакли рақамӣ осонтар ва бехатар истифода баред, равандҳои гузариш аз марзро тезонед ва вақти худро сарфа намоед. Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоед.